Таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯз дар Академияи ВКД
19-уми марти соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ, меҳмонону собиқадорон, омӯзгорон, курсантону шунавандагон ин ҷашни аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Нахуст, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳамкасбону ҳамватанонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, табрику таҳният намуда қайд кард, ки Наврӯз яке аз рамзҳои худшиносиву худогоҳии миллии мо, мардуми Тоҷикистон ва умуман, инсоният мебошад.
Воқеан, Наврӯз дар миёни аҳли башар ягона ҷашнест, ки оину суннатҳои зиндагисози он аз гузаштаҳои ниҳоят дури таърихӣ то ба имрӯз боқӣ монда, эътибору манзалати худро ҳифз намудааст, ки онро миллату халқҳои дигар ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги ориёӣ пазируфта, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо - Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандин ҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо - тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.
Барои миллати сарбаланди тоҷик боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ассамблеяи генералии СММ 26 феврали соли 2010 қароре қабул кард, ки ҷашни бостонии нажоди ориёӣ Наврӯз ҳамчун нишони тамаддуни ҷаҳонӣ, умумимиллӣ эълон гардид.
Мо - тоҷикон ва умуман, мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин мероси гаронбаҳои ниёгонро аз ҳаводиси рӯзгору тӯфонҳои шадиди таърих ҳифз намудем, гиромӣ доштем ва ба он шукӯҳу ҷилои тоза бахшидем.
Наврӯз дар масири мавҷудияти хеш чандин ҳодиса ва рӯйдодҳои таърихиро аз сар гузаронида, бо мураккабтарин равандҳои замон рӯ ба рӯ гардидааст.
Аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷик нагузошт, ки мақому манзалат ва меҳру муҳаббати он аз дилу андешаи мардум дур гардад.
Истиқлолияти давлатӣ, ки ягона ормони миллии мо - тоҷикон мебошад, дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус дар шинохти анъанаҳои суннатӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ шукӯҳу таҷаллои тоза додааст. Бинобар ин, мо - тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покиву зебоӣ ва баҳору эҳё дар фазои Истиқлолу Ваҳдат бо шукргузорӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил менамоем.
Возеҳ аст, ки имрӯз инсоният дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.
Дар чунин шароит Наврӯз чун тантанаи сулҳу оромӣ ва омили муҳимтарини ҳамгироии фарҳангҳо ва суннату оинҳо, моро боз ҳам ба сӯи рӯзгори бехушуннат, сулҳу субот ва таъмини зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад. Ҷашни Наврӯз хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошад. Мардум дар таҷлили ин ҷашн кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми суннатҳои наврӯзиро гиромӣ дошта, онҳоро ҳамчун арзиши гаронмояи инсонӣ ба оламиён муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, дар барномаи идона ҳунармандони Академия ва сарояндагони ҷумҳурӣ курсантон бо маҳорати баланди шеърхониву сурудхонӣ дар якҷоягӣ бо ба ҷашн шукӯҳи дигар бахшиданд.
Дар идома озмуни «Беҳтарин хони наврӯзӣ» доир гардида, дар саҳни Академия равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ, расму русум ва оинҳои наврӯзӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд. Ҳамин тавр, дар чорабинии идона аз тарафи шуъбаву кафедра ва факултетҳо хаймаҳои наврӯзӣ ороста шуда, пухтани суманак, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастурхони идона ва хӯрокҳои наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин намоиш дода шуд.
Убайдуллоев. Ш.Э., Сафарзода С.Н.