Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад: ҳамкории байналмилалии Академияи ВКД мустаҳкам шуда истодааст
Дар шароити наздикшавӣ ва мутобиқкунонии низоми маорифи миллӣ бо мақсади ташкил додани фазои ягонаи умумибашарии маълумоти олӣ бидуни ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таъмин намудани рақобатнокии муассисаҳои ташкилоти олӣ ноимконпазир аст. Мустаҳкам намудани алоқаҳои ба миён омада, пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, ҳаёти имрӯзаи байналмилалии Академияро муайян мекунанд.
Академияи ВКД Тоҷикистон бо як қатор донишкадаҳои хориҷӣ, ки яке аз онҳо Коллеҷи полиси Давлати Қатар мебошад, санаи 18 феврали соли 2019 дар ш. Дохаи Давлати Қатар Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таълимоти полисӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи полиси Давлати Қатар, ки бо эътирофи аҳамияти таҳкими ҳамкории байни ду тараф ва эътирофи арзишҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълимоти полис, хоҳиши минбаъд инкишоф додани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии мазкур ва бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба аз тариқи табодули мунтазами иттилоот, таҷриба ва дониш ба имзо расида буд.
Дар доираи Протоколи мазкур ва дар асоси ҳамкории тарафҳо, санаи 25 ноябри соли ҷорӣ намояндагони Коллеҷи полиси Давлати Қатар бо роҳбарии директори генералии ин муассисаи таълимӣ – доктор, генерал Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Маррӣ ба Академияи ВКД ташриф оварданд.
Меҳмононро сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқи, дотсент, генерал-майори миолитсия Шарифзода Ф.Р., муовини сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., муовинон ва ролҳбарони шуъбаҳои Академияи ВКД пешвоз гирифтанд.
Мақсади ташриф – ин омӯзиши тайёр намудани мутахассисони болаёқат барои политсия, инчунин, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самти таълим ва илм буд.
Меҳмонон бо инфраструктураи нави Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуда, ба баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири интерактивӣ, ҳамчунин дар рафти дарс ташриф оварданд. Инчунин, меҳмонон дар рафти конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ, ки бо тариқи он-лайн баргузор гардида ва ба масъалаҳои мубориза барии зидди ҷинояткорӣ бахшида шуда буд, иштирок намуданд.
Ҷаноби генерал Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Маррӣ барои пазироии гарм арзи сипос намуда, умедворӣ баён намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни Академияи ВКД ва Коллеҷи полиси Давлати Қатар устувор хоҳад шуд.
Баъд аз он тарафҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр
Убайдуллоев Ш., Сафарзода О.