Насби шиору овезаҳо дар факултети №5-и Академияи ВКД
Саннаи 11-уми августи соли 2020, ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди факултети №5-и Академияи ВКД аз ҷониби ҳайати кормандони факултет корҳои ободонию созандагӣ гузаронида шуд, ки дар он сардори факултет, сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии факултет, капитани милитсия Назарзода Манучеҳр, сардорони кафедраҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд. Сараввал, кормандон ҳудуди бинои факултетро пурра тозаву озода намуда, сипас ба насби шиору овезаҳо пардохтанд. Шиору овезаҳо фарогири эълон гардидани «Солҳои 2020-2040, бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дигар мавзӯъҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ буданд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки чунин иқдомҳо аз ҷониби ҳайати командони факултети №5-и Академия бори аввал набуда, пайваста гузаронида мешаванд.
Сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия
Нуруллозода Меҳрулло
Сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии факултети №5, капитани милитсия
Назарзода Манучеҳр
И.в.Сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия
Шарофзода Фирӯз