Иштироки фаъоли омӯзгорони Академияи ВКД дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ
Дар асоси мактуби иттилоотии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Академияи ВКД таҳти роҳбарии ходими калони илмии ШТИ ва ТН, полковники милитсия Асламов Б.С., омӯзгори калони кафедраи тайёрии тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 подполковники милитсия Айдархонзода Ш.Х., омӯзгори калони ҳамин кафедра майори милитсия Ҳайдарзода Д.П., омӯзгори ҳамин кафедра майори милитсия Салимзода М.С. дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди илми ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиа рӯзи 4-уми ноябри соли 2020 ширкати фаъол намуданд.
Майори милитсия Ҳайдарзода Д.П. дар мавзӯи «Омодагии сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза пешниҳод намуда, бо полковники милитсия Асламов Б.С. дар музокираҳо атрофи масъалаҳои марбути кори конференсия мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи Академияи ВКД-ро дар рушди илми ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.
Барои иштироки фаъол омӯзгори калони кафедраи тайёрии тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 майори милитсия Ҳайдарзода Д.П. бо Ифтихорномаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ сарфароз гардонида шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр