Дарсҳои намунавӣ дар курси такмили ихтисос
Дар асоси нақшаи таълимии Академияи ВКД ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ оиди баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони МКД дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД курсҳои кутоҳмудатӣ такмили ихтисоси кормандони тафтишоти ВКД созмон дода шудааст. Аз ҷумла санаи 15 декабри соли ҷори аз тарафи омузгорони кафедраи мурофиаи ҷинояти полковники милитсия Убайдуллозода Ш.Э. ва подполковники милитсия Мухитддинзода Н. дар мавзȳи «Хусусиятҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса» дарс гузаронида, ба шунавандагон маълумоти муфассал доданд. Дарси мазкур аз ҷониби шунавандагон ба хубӣ пазируфта шуда, бо саволу ҷавоб анҷом ёфт. Тазаккур бояд дод, ки мунтазам бо иқдоми сардори Академияи ВКД ба раванди таълим роҳбарони бахшҳои гуногуни МКД ҷалб гардида, он барои аз худ намудани фанҳои таълимӣ самараи хуб медиҳад.
Саида Сафарова