Мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Танзими муносибатҳои оилавӣ: назария ва амалия» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Танзими муносибатҳои оилавӣ: назария ва амалия» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсёбии Академияи ВКД санаи 26 марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Академия баргузор гардид.
Кори мизи мудаварро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ.,дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло ифтитоҳ намуда иброз намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри такмили қонунгузории миллӣ оид ба ҳифзи оила, модар, кӯдак корҳои бузург ба анҷом дода шуда, нақши зан-модар дар ҷомеа боло бардошта шуд.
Дар кори мизи мудаввар шахсони зерин маърӯзаҳои илмӣ намуданд: Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич – дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, н.и.ҳ. дар мавзӯи: «Проблемаҳои бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандони ҶТ ва гурезаҳо»;Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич - ходими калони шӯъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Проблемы семьи в современном обществе: социологический анализ»; Абдулаҳадзода Абдулвоҳид Абдулаҳад – сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Баъзе масъалаҳои қонунгузории оилавӣ»;Расулова Дилноза Умархоновна – магистранти Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Роль семьи в формиравании личности ребёнка»;Бобомурод Арафат Валиҷон – муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Марҳилаҳои таърихии рӯшди қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикисистон»;Аҳмади Зоиршоҳ муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Масъалаҳои мубрами ҳифз ва танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;Назаров Беҳруз Маҳмадович – муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ»;Ҳабибулозода Авазшо – курсанти курси 3 гуруҳи 308 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Баъзе проблемаҳои ҷавобгарии оилавӣ»;Тилоев Файзалӣ – курсанти курси 3 гуруҳи 308 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Баъзе масоили парокандашавии оилаҳои ҷавон дар замони муосир».
Атрофи масъалаҳои ҳуқуқи оилавӣ байни иштирокчиёни мизи мудаввар Хайруллоев Ф., Самиев Н., Абдулаҳадзода А.А.,Муҳаммад С., Заробидинзода С., Расулова Д. ва дигарон бахсу мунозираҳо баргузор гардид.
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ.,дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ бо сухани хотимавӣ кори мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, як қатор тавсияҳои муфиди такмили қонунгузории миллӣ қабул гардиданд.
Асламов Б.С.,Абдулаҳадзода А.А.,Убайдуллоев Ш.Э.