Ташрифи донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи ВКД
Рӯзи 4-уми майи соли равон донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон ба Академияи ВКД ташриф оварданд. Онҳо аз шароити муосири таҳсил, тарбия, варзиши курсантону шунавандагон, омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат аз наздик ошноӣ пайдо намуда, таасуроти амиқ бардоштанд.
Шӯрои ҷавонони Академия ва омӯзорони Академия бо намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз дидан намудани Академияи ВКД, мизи мудаввари муштарак дар мавзȳи «Хеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромȳш намешавад» доир намуданд. Донишҷуёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистонро роҳбарияти Академия ба муносибати Иди Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.
Боздид дар рӯҳияи идона ва хусни тафоҳум баргузор гардида, ҳисси ватандӯстии иштирокчиёни онро боз ҳам баланд намуд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Академия ба масоили тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, мудом чунин чорабиниҳои муфидро баргузор менамоянд.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.