Ғолибияти курсанти Академияи ВКД дар Чемпионати Осиё - 2021
Масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба варзиш яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳои хеш вобаста барои аз худ намудани илму дониш, машғул шудан ба варзиш ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон иброз медорад, ки рӯ овардан ба варзиш асоси беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.
Дар асоси ин гуфтаҳо рӯзҳои 14-15уми сентябри соли равон, дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё - 2021 аз намуди варзиши джиу-джитсу дар байни 10 давлат баргузор гардид, ки дар ин мусобика курсанти курси 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Назарзода Маъруфҷон сазовори ҷои аввал ва соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё 2021 гардид.
Ба хотири ҳунарнамоии ҷолиб ва натиҷаи олии нишондодаи Назарзода Маъруфҷон парчами Тоҷикистон парафшон шуда, суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб садо дод.
Роҳбарияти ВКД ва Академия мудом баҳри тақвияти варзиш ба кормандони он мусоидат намуда, бо ин ғолибияти навбатӣ Назарзода Маъруфҷонро табрику таҳният гуфта, ғалабаҳои нав ба навро ба ин курсанти ҷасур таманно доранд.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.