Қадрдонии шаҳрвандон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ
Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор шаҳрвандон, ки барои ободонӣ ва кабудизоркунии Академияи ВКД саҳми арзандаи худро гузоштанд, аз ҷониби муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бо медали ҷашнии «25-солагии Академияи ВКД» сарфароз гардонида шуданд, ки онҳоро дар рӯзҳои ҷашни муқаддаси миллӣ хеле ҳам руҳбаланд намуд.
Ин иқдоми неки роҳбарияти Академияи ВКД барои тақвияти мусоидат ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам амалӣ мегардад.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.