Шанбегӣ дар Академияи ВКД
Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласаи назди Вазири корҳои дохилӣ, бинобар эълон намудани рӯзҳои шанбе – «Рӯзҳои экология» ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябри соли равон, ҳайати доимии Академияи ВКД ба шанбегии умумӣ баромада, барои тозаю озода намудани гирду атрофи бинои Академия, рангу бори роҳравҳо, синфхонаҳо, кабудизоркунӣ ва шинондани гулу буттаҳои ороишӣ ҷалб карда шуданд.
Чунин ободкориҳо агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусни дигар зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро софу беғубор менамояд. Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аст, ки ҷиҳати ободу дилкаш ва сабзу хуррам гардонидани кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорад.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.