Машқҳои назариявӣ ва амалӣ дар раванди ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ
Санаи 22-юми сентябри соли равон баҳри иҷрои фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо ҳайати тағирёбандаи курси якуми факултетҳои №2, №5 ва №6 машқи назариявӣ-амалии тирпарронӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Пеш аз оғози тирпарронӣ дар саҳни майдони сафороӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р ва муовини сардори Академия полковники милитсия Ализода А.Ш. ба курсантони курси якуми ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ ва командирони гурӯҳҳои таълимӣ ба ин чорабинӣ вобаста шуда оиди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти муомила бо силоҳу аслиҳа дастури мушаххас дода шуд.
Баъдан таҳти назорати доимии устодон ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ин машғулияти амалӣ ташкил ва гузаронида шуд. Тирпарронии амалӣ барои курсантони ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бори аввал буд, ки ба ҳар як нафар хотирмон гашт.
Сафарзода С.Н., Ҳайдарзода О.