Таъмини курсантдухтарон бо хобгоҳ
Дар асоси ғамҳориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи иҷтимоии насли ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД як қатор курсантдухтарон барои истиқомат бо хобгоҳи зертобеъи Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД, ки бо тамоми шароити маишӣ муҳайё мебошад, таъмин карда шуданд.
Дар рафти ҷобаҷо намудани онҳо дар хобгоҳи мазкур муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., ширкат намуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ калиди ҷои истиқоматӣ супорида шуд ва ба онҳо дар раванди таълим ва хизмат бурдбориҳо орзу намуд.
Ҷавобан курсантдухтарон изҳор доштанд, ки аз ин иқдом хушҳол гашта, роҳбарияти Вазорат ва Академияро бовар мекунонанд, ки бо баҳои хубу аъло хонда ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Ин иқдоми нек пайваста дар Академия марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, ки дар ҳифзи иҷтимоии курсантдухтарон саҳми арзанда мегузорад.
Сафарзода С., Хайдарзода О.