Муоинаи сафии курсантони факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 1-уми октябри соли 2021 дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ва Оинномаи сафороии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантони факултети мазкур муоинаи сафӣ гузаронида шуда, намуди зоҳирӣ, тарзи пушидани сару либоси низомӣ, тартиби нигоҳдошти шаҳодатномаи хизматӣ ва инчунин омодагии сафороӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Бояд қайд кард, ки дар як моҳ ду маротиба бо якҷоягии сардорони воҳидҳои низомӣ ва кураторони гурӯҳҳои таълимӣ муоинаи сафӣ гузаронида шуда, доир ба камбудиҳои ошкоргардида чораандешӣ карда мешавад.
Хушвахтзода Х.Х., муовини сардори
факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қисми низомӣ, подполковники милитсия