Шанбегӣ дар Академияи ВКД
Дар асоси супориши мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе, баҳри ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон ва муассисаҳои он дар Академияи ВКД бо ширкати омӯзгорону кормандони он рӯзи 2-юми октябри соли 2021 шанбегии умумиакадемиявӣ гузаронида шуда, як қатор корҳои ободонию тозакорӣ дар дохили бино, роҳравҳо ва атрофи Академия ба анҷом расонида шуд.
Утоқҳои корӣ, китобхонаҳо, толори маҷлисгоҳ, майдони сафороӣ, толори варзишӣ, синфхонаҳои таълимиро барои соли таҳсил азнавсозӣ ва поксозӣ намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.