Раванди дарсхо дар курси такмили ихтисос.
Вобаста ба иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ҷиҳати амали намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии занону духтарон дар Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои кормандзанони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Малакаи роҳбарӣ”, курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос машғулиятҳои таълимӣ амали шуда истодааст.
Дар навбати худ аз тарафи подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр, барои кормандзанони курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ”, “Шаклгирӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули институти Президентӣ” дар сатҳи баланди касбӣ машғулиятҳо гузаронида шуд.