Иштироки мутахассисони Академияи ВКД дар конференсияи илмии сатҳи байналмилалӣ оид ба технологияи муосир
22-юми июни соли 2023 дар Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар XIX-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Усулҳои математикӣ ва воситаҳои иттилоотӣ-техникӣ» (Математические методы и информационно-технические средства), ки дар кори он мутахассисони соҳаҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла, математика, физика, техника, ҳуқуқшиносӣ аз Академияи идоракунии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россияи дар ш. Москва ба номи В.Я. Кикот, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Ростов, Академияи Хадамоти давлатии зиддисӯхтории Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва рафъи офатҳои табиии Федератсияи Россия, инчунин, мутахассисони соҳаи информатизатсияи Академияи ВКД Қазоқистон дар ш. Алмато ба номи М. Есбулатов ва Академияи ВКД Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ Осипенко Анатолий Леонидович – муовини сардори Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор баромад намуд.
Аз номи Академияи ВКД сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Арипов А.Л. бо маърӯза дар мавзӯи «Использование математических методов и возможностей информационных технологий в установлении обстоятельств по уголовному делу» баромад намуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр