Намоиш-фурӯши китобҳо дар Академияи ВКД
Ба ифтихори “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар саҳни ҳавлии бинои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои муассисаи нашриявии “Ирфон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти муассисаи мазкур Қурбонова Меҳрона ва корманди ҳамин шуъба Амон Собиров 57 номгуй китобҳои тозанашри нашриёти мазкурро ба намоиш гузоштанд.
Директори идораи нашриётии “Ирфон” номзади илмҳои педагогӣ Ғуломзода Қурбон бо Академияи ВКД робитаҳои хуби эҷодиро пайваста ривоҷу равнақ дода маҳсулоти тозанашри олимону шоирон ва мутахассисонро пешниҳоди кормандон ва шогирдони Академия мегардонад.
Дар ин рӯз низ тамоми китобҳои овардашуда аз ҷониби ҳайати шахсии Академияи ВКД харидорӣ карда шуданд.
Омӯзгорону курсантон ва шунавандагони муассисаи таълимӣ бо шавқу рағбати зиёд китобҳои дилхоҳашонро гирифтанд ва ба кормандони “Ирфон” изҳори сипоси хешро баён карданд.
Пешниҳод карда шуд, ки дар оянда на танҳо китобҳои тозанашр, балки инчунин маҳсули нашри китобҳои солҳои қаблӣ чоп карда низ оварда шавад.