Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ
7-уми феврали соли 2025 дар факултети таърих ва ҳуқуқӣ МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар ҳамкорӣ бо факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани конференсияи мазкур ба саҳми иштирокчиён расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28 декабри соли 2024 баргузор гардид, иборат буд.
Конференсияи мазкурро декани факултет, н.и.т., дотсент Ҷабборзода И.Р. бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки Паём, ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии давлат аст. Дар он ба таври возеҳ натиҷаҳои бадастовардаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян, рафти амалигардонии барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҳадафу мақсадҳои гузоштаи давлат ироа гардида, инчунин мақсаду вазифаҳои мушаххаси стратегӣ барои рушди минбаъда таҷассум меёбанд.
Дар идомаи чорабинӣ муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р., дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - қутбнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад намуда, қайд намуд, ки дар Паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешваи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақому манзалати маориф, омӯзгор ва мактаб чунин қайд намуданд, ки дар «… сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».
Инчунин қайд кардашуд, ки омили асосии пешрафти давлату ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи маориф ба шумор меравад. Миллати тоҷик низ чун намояндаи тамаддуни ғановатманди бостонӣ ҳамеша талош меравзад, ки меросбари ниёгони хеш дар ҷодаи маорифпарварию фарҳангофарӣ бошад. Тайи солҳои соҳибистиқлоли дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Баъдан, муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И. дар мавзуи «Масъалаҳои мубориза бар зидди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон» баромад карда қайд намуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани мубориза бо терроризм дар сохторҳои прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои (шуъбаҳои) мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ таъсис дода шуда буд. Инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлат 2 январи соли 2020, № 1655 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва 23 декабри соли 2021, №1808 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» дар таҳрири нав қабул карда шуданд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт комилан тавсеа доданд.
Дар ҷамбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки моро лозим аст барои фазои осудаи давлатамон, Ваҳдати миллӣ, инчунин пешрафти ҷомеа ва кишвари азизамон талош намоем.
Муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И
Сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Шарифӣ М.А.