Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯлоб: Семинари омӯзишӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

1636Рӯзҳои 13-14-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Комиссияи баиниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
1637Семинари омӯзишӣ барои судяҳои Суди шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи мазкур роҳандозӣ гардида, ҳамзамон дар семинари омӯзишӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амнияти ҳамкории Аврупо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
1638Қобили зикр аст, ки хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.
1639Дар ҷараёни семинар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муқовимат ба савдои одамон ва шаклу усулҳои мубориза бо ин омили номатлуб, муқовимат ба савдои одамон дар заминаи санадҳои байналмилалӣ, айнияткунонии савдои одамон, омилҳои виктимологии пешгирии ҷиноятҳои савдои одамон, принсипҳои муошират бо ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқовимат ба савдои одамон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.
1640Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шудааст.1641

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...