Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми пешво - раҳнамо бо зиндагии шоиста

1652Дар муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи даватии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров» 14 феврали соли 2025 бо ташаббуси факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Паёми Пешво - раҳнамо бо зиндагии шоиста», ки доир ба амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихӣ 28.12.2024, баргузор гардид.
1653Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Шарифиён Муқаддас Холиқзода, омӯзгорон, устодон, донишҷӯёни курси чоруми факултет ва муаллимони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенантони калони милитсия Ревазода Муқаддас Рева, Муродзода Фарҳод Ғайрат иштирок ва баромад намуданд.
1654Декани факултет, н.и.п., дотсент, Шарифиён Муқаддас Холиқзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода мегардад, ки он саршор аз садоқат, матонат, самимият, меҳру муҳаббат ба ватану ватандорӣ ва волоияти муносибати самимонаи байниҳамдигарии шахс, ки пайваста ғамхориву таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд инъикос мегардад ҳусни оғоз бахшида ва баъдан сухани навбатиро декани факултет ба муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, лейтенанти калони милитсия Ревазода Муқаддас Рева дод, ки муаллима дар мавзуи «Паёми Пешво - роҳнамои ҷавонон», баромад намуда қайд карданд, ки ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсолон мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро бар дӯш хоҳанд гирифт.
Аз ин ру, ҷавононро зарур аст, ки асосҳои расидан ба арзишҳои чунин истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромиро дарк намуда, ҷиҳати поядорӣ ва устувор нигоҳ доштани ин арзишҳо бетараф набошанд.
Дар идомаи чорабинӣ, муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯи, лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат дар мазӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб», баромад намуда қайд намуд, ки вобаста ба вазъӣ сиёсии минтақа ва ҷаҳон дар Паём таваҷҷуҳи хоса ба таъмини амнияти минтақавӣ низ матраҳ гардид.
1655Дар ин замина Пешвои муаззами миллат, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба талошҳои он дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ арзёбӣ намуд.
Баъди баромади Муродзода Ф.Ғ. аз тарафи устодон ва донишҷӯёни факултети мазкур ба саволу ҷавобҳои додаашон оид ба мавзӯи тадрисшаванда посухи мушаххас гирифтанд.
Дар қисмати охир декани факултет, дотсент, Шарифиён Муқаддас Холиқзода ба муаллимони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳамкорӣ, иштирок ва баромад изҳори миннатдории худро расониданд.
Ревазода Муқаддас Рева, муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...