Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

1661Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти баланд бардоштани таҷрибаи тахассусии кормандони оперативӣ, натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ (ФОҶ) ва аз ҷониби кормандони оперативӣ самаранок истифодабарии имкониятҳо баҳри ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, муайян намудани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд рӯзи 12 феврал семинари илмӣ - назариявӣ баргузор карда шуд.
1662Чорабинии таълимӣ-омӯзишӣ бо ибтикори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсат дар ҳамкорӣ бо кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Факултети №4 Академияи ВКД ташкил ва дар кори он муовинони сардори шуъбаҳои ВКД оид ба самти оперативӣ, сардорони шуъбачаву гуруҳҳои кофтукови ҷиноятӣ, мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
1663Дар оғоз муовини яккуми сардори Раёсат генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил, ки сарпарастии фаъолияти оперативиро ба уҳда дорад, мақсаду мароми чорабиниро ба ҳозирин шарҳ дод. Таъкид гардид, ки хатарҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир аз ҳар як корманди мақомот доштани дониш, малака ва ҷаҳонбинии васеъи соҳавиро талаб менамояд. Хадамотҳои оперативӣ яке аз пояҳои асосии сохтори мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, қувваи мақомот аз фаъолияти кормандони оперативӣ вобастагӣ дорад.
Дар ҷараёни семинар бо маърӯзаҳои методии самти ФОҶ, сардори ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шарифзода Ф.У., муовини сардори факултети №4, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ва сардори кафедраи ФОҶ МКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. баромад намуда дар он талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти опреративӣ-ҷустуҷӯӣ» матраҳ шуда, маърӯзачиён оид ба услубҳои муосири коргузории оперативӣ ба ҳозирин маълумоти саҳеҳ доданд.
Мавзуҳои матраҳгардида бо истифода аз манбаъҳои назариявӣ ва тактикаи амалӣ пешниҳод гардид.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...