Рушди иқтисоди рақамӣ - меҳвари калидии Паём
Паём маъмулан маҷмуаи масъалаҳои сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, пешбурди сиёсати Роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Тавре маълум аст, то имрӯз дар мамлакати мо 24 маротиба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, ки ҳамчун фишанги баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дурнамои ҳадафҳои стратегӣ ва мақсадҳои дар пешистодаи мамлакат эътироф гардидааст. Суханронии марҳилавӣ ва барномавии Роҳбари давлат дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерӯи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаҳои баъди ифода мегардад, ба ҳисоб меравад.
Таҳлили ҳамаҷонибаи мазмун ва муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки маҷмӯи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне ташаббусу барномаҳои мушаххас барои таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар, рушди устувори иқтисодӣ ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа дар маърази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор доранд.
Паём бори дигар нигоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба пуррагӣ ифода ва инъикос намуд. Бахши марказии Паёми Пешвои муаззами миллатро баррасии вазъияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва таҳлили дурнамои миёнамуддат ва дарозмуддати он ташкил медиҳад. Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.
Чун ҳамасола, санаи 28 декабри соли 2024, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бинои муҳташами нави мақоми олии қонунгузории мамлакат - Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, сиёсати давлатӣ ва самтҳои стратегии рушди кишварро барои солҳои минбаъда ироа намуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар Паёмҳои солонаи Роҳбари давлат дастуру супоришот ва вазифагузориҳои мушаххас сурат мегирад. Зимни ироаи Паёми навбатии Сарвари кишвар дар робита ба самти иқтисодӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконоти мавҷуда таъкид гардид, ки “мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем”. Бо ин мақсад дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи солҳои охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.
Дар Паёми Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳиммтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба ёфта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди соҳаҳои гуногуни саноатӣ, ташаккули иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисодиёт, ташаккули маърифати молиявӣ, баландбардории фарҳанги андозсупорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сарвари давлат ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои афзалиятнок ишора намуда, иброз доштанд, ки такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси маҳзани мукаммали миллии маълумотро бояд ҷоннок намуд.
Ҳамзамон, иброз намуданд, ки рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ метавонад, ҷиҳати рушди иқтисодиёти рақамӣ заминаи мусоид гузорад.
Паёми имсола, ки дар заминаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия равона гардида буд таъкид намуд, ки ин равандҳо барои мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши калидӣ мебозанд.
Паём стратегияи мушаххасеро барои тақвияти иқтисоди миллӣ дар асоси технологияи рақамӣ ва истифодаи васеъи инноватсия пешниҳод намуд. Пешвои миллат ба таҳияи нақшаҳои дақиқи амал барои солҳои 2025–2030 дастур доданд, ки ин солҳо ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон мешаванд.
Ин иқдоми наҷиб саривақтӣ буда, ҷиҳати такмил ва тайёр намудани мутахассисон дар самти бозорҳои ба технологияҳои рақамӣ асосёфта, кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои пешбурди лоиҳаҳои рақамӣ ва дар маҷмӯъ барои рушди малакаи рақамӣ ба ҳисоб рафта, тайёр намудани мутахассисон дар самти иқтисодиёти рақамӣ омили асосии гузариши муттаасили марҳила ба марҳиларо барои амалисозии дурнамои табодули рақамӣ дар ҷумҳурӣ таъмин месозад.
Эълони ин солҳо ҳамчун давраи махсуси пешбурди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз тадбирҳои муҳими пешниҳодшуда буда, ҳадафи асосии он аз омилҳои зерин иборат аст:
-ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар тамоми бахшҳои иқтисод;
-фароҳам овардани шароит барои гузариши иқтисодиёт ба шакли рақамӣ;
-тақвияти нерӯи инсонӣ дар самти инноватсия ва технологияҳо.
Инчунин бо мақсади омодасозии мутахассисони касбӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад, ки донишгоҳи мазкур маркази пешбар барои омӯзиши технологияҳои навин хоҳад шуд, мутахассисонро дар соҳаҳои стратегии иқтисодиёт, технология ва идоракунии инноватсионӣ омода мекунад.
Қайд карда шуд, ки гарчанде ки таҷрибаи амалии ҷорӣ намудани истифодаи технологияҳои рақамӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта бошанд ҳам, назария ва методологияи иқтисодиёти рақамӣ айни замон пурра мукаммал нагардида, бахусус сатҳи омодагии мутахассисон беҳбудиро тақозо дорад.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзуъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо паҳлуи дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро талаб менамоянд.
Мусаллам аст, ки иҷрои барномаҳои инкишофи иқтисодии кишвар бар души ҷавонон вогӯзор мегардад. Бо назардошти ин ҷавонони неруманди кишварро зарур аст, ҳамеша дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар пайи иҷрои ин иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат бошанд.
Хулоса, аз таҳлил ва баррасии Паёми Президенти кишвар муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муълум гардид, ки соҳаи иқтисодӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ мақоми калидиро дар низоми сиёсии кишвар ташкил медиҳад. Дар шароити муосир иқтидори иқтисодии давлат муайянкунандаи мавқеи давлат дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат дар ин самт зарурӣ, саривақтӣ ва ифодакунандаи дурнамои рушди мамлакат мебошад.
Юсуфзода А.Ю., муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия