Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат вобаста ба фаъолияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ

166513-уми феврал дар толори калони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мутобиқи нақша - чорабиниҳои Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии нозирони минтақавии милитсия семинар-машварат баргузор гашт. Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии дастгоҳи Раёсат, муовинони сардори шуъбаҳои ВКД оид ба хизмат, нозирони минтақавии милитсияи Шуъбаҳои ВКД аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
1666Чорабинии таълимӣ таҳти роҳбаладии муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода бо ҷалби омӯзгорони Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Абдуллозода Неъматулло Раҳматулло, муаллими калони кафедраи номбурда, подполковники милитсия Ибрагимзода Ҷамшед Ибрагим ва мутахассисони самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷараён гирифт. Муовини сардори Раёсат мақсади баргузории семенарро шарҳ дода аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки баҳри дар амалия тадбиқ намудани донишҳои аз худ карда кӯшиш намоянд.
1667Роҳандозӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ, истифода аз усулҳои самарабахши иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкорсозии ҷиноят ва пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ бо кӯмаки кормандони ғайриштатӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ ва шахсони боваринок, инчунин дар самти ба ҳамкорӣ ҷалб намудани шаҳрвандон тадбиқи меъёрҳои муқарарнамудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» мавриди омӯзиш қарор гирифт.
1668Аз ҷониби мутахассисон роҳу усули самарабахши иҷрои вазифаҳои хизматии нозирони минтақавии милитсия, чигуна барқарор намудани ҳамкорӣ бо ҷомеа, зиёд намудани ихтиёриёни ҳавасманд ба ҳамкорӣ дошта матраҳ гардид.
Сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №4 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Абдуллозода Н.Р., вобаста ба низоми қонунгузорӣ баҳри барқарор намудани ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот дода, ҳамзамон оид ба фармоиш ва санадҳои соҳавии ҳамин самти муносибатҳоро ба танзим оваранда маърӯза намуд.
Дар идома масъулини ШҲТҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд коргузории самтӣ вобаста ба барасмиятдарории шиносномаҳои минтақаи хизматии милитсия, китобу дафтарҳо, парвандаҳои назоратии шахсони дар қайдҳои профилактикӣ ва ҳамкории нозирони минтақавии милитсия қарор дошта, баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон ва ташкили қабули шахсӣ дар мақомоти корҳои дохилиро шарҳу тавзеҳ дода бори дигар нозирони минтақавиро ба фаъолнокиву масъулиятшиносӣ даъват намуданд.
Оид ба ҳар мавзӯи дар семенар матраҳгардида андешаронӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифта, кормандон вобаста ба мушкилоти хизматии дар амалия рӯ ба рӯ шаванда аз маърузачиён маълумот гиифтанд.
Дар хотима муовини сардори Раёсат аз ҳар як нозири минтақавии милитсия ва кормандони самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ даъват ба амал овард, ки фаъолияти худро аз рӯйи талаботи қонун ва оинномаҳои хизматӣ ба роҳ монанд. Пеш аз ҳама ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъулиятшинос бошанд. Эҳтироми корафтодаро ба ҷо оварда бо рафтори намунавӣ боварии аҳолиро нисбати фаъолияти мақомот боло баранд.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...