Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Куруши Кабир ва Эъломияи ҳуқуқи башар

1669(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024).
Дар Паёми солонаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2024, қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
1670Бо ин мақсад, аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати дар самти зарурӣ таҷлил намудани 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим Куруши Кабир яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш шуҳрати ҷаҳони ёфтааст. (Аз китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат).
Дар ин ҷода диққати махсус ба яке аз шахсиятҳои таърихӣ, шоҳаншоҳи бузург ва таъсисдиҳандаи яке аз аввалин империяи аҳди қадим дар ҷаҳон, ки бо номи Ҳахоманишиён, ки асосгузораш Куруши Кабир дар таърих маълуму машҳур аст равона гардида, ҳамзамон аз кору амали ӯ дар самти шинохти инсони комил, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалҳои неки ӯ якчанд сухане гуфта бошем.
Мардуми тоҷик аз давраи қадим то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг ба ҳисоб рафта, бо сарчашмаҳои нодири ахлоқӣ-ҳуқуқи, фарҳангӣ ва тамаддуни беҳамтои худ дар байни дигар халқиятҳои дунё маълуму машҳур мебошад. Яке аз дастовардҳои бесобиқаи миллати тоҷик санадҳои таърихии қабулнамудаи фарзандони фарзонаи он, ки то имрӯз дар танзим ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиятҳои инсон ва шаҳрванд нақши бориз доранд, ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ, миллати тоҷик дорои таъриху фарҳангӣ қадима мебошад, ки далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқӣ Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши калиди дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асари «Чеҳраҳои мондагор» Куруши Кабирро ҳамчун шахсияти таърихӣ ва асосгузори нахустин империяи таърихӣ башар муаррифӣ намудаанд. Муаллиф иброз медорад, ки Куруши Кабир дар таърихи тамаддуни башар бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною муттамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои зиндаги шоистаи мардум, алалхусус пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Дар воқеъ, Куруш як роҳбари одил ва меҳрубон буд, ки ба халқҳо озодӣ ва ба фарҳангҳо истиқлолият медод. Ҳамин тариқ, дар давраи Шоҳаншоҳии Куруши Кабир сарзамини тоҷику форс ба маркази ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Курушро дар Бобул, Форс ва ҳатто дар дигар давлатҳо ҳамчун ҳокими одил, фотеҳи тавоно ва раҳмдил мешинохтанду эътироф менамуданд. Бисёре аз халқҳо ӯро натанҳо шоҳи форсҳо, балки ҳомии адолат медонистанд.
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир соли 538-и пеш аз мелод, ки ин санад дорои 40 модда буда, аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст. Пешвои муаззами миллат дар асари «Чеҳраҳои мондагор» доир ба Эъломияи Куруши Кабир қайд менамоянд, ки Эъломия аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва хифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст соли 1879 кашф гардида, дар осорхонаи Англия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад.
Матни Эъломияи Куруш бо забони Аккадӣ боқи мондааст, ки дарозии Эъломия 22,5 см ва бараш 11 см-ро ташкил медиҳад. Эъломия дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст. Вале оид ба ҳаҷми бандҳо ё сатрҳои Эъломия фикри ягона вуҷуд надорад. Ба андешаи баъзе аз муаллифон матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ баромад намуда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои тарақикардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида амал менамоянд.
Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои миллию байналхалқӣ ба чашм мерасад.
Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бозёфти нодири таърихие мебошад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тӯли таърих баромад кардааст ва дар замони муосир низ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти бузург дорад. Имрӯз, аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ меъёрҳои Эъломияи мазкурро ҳамчун сарчашма ба таври васеъ мавриди истифода қарор додаанд.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...