Ҳикмати Артиши миллӣ
Артиши Миллӣ ҳамчун ниҳоди муҳофизатӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ на танҳо дорои нақши стратегии ҳарбӣ, балки дорои заминаи ҳикмати амиқ низ мебошад. Ин ҳикмат асосан ба арзишҳои ҳифзи истиқлолият, ватандӯстӣ ва адолат асос ёфтааст. Артиш дар тӯли таърих на танҳо барои мудофиа, балки барои ҳифзи ҳуввияти миллӣ, тарғиби арзишҳои давлатӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ нақши муҳим доштааст.
Таҳлили фалсафаи Артиши миллӣ аз ду ҷиҳат муҳим мебошад:
Аввалан, он ҳамчун як ниҳоди муҳими ҳифзи истиқлолият ва амнияти давлат амал мекунад;
Дуввум, он ҳамчун як воситаи таҳкими худшиносии миллӣ ва иттиҳод барои шаҳрвандон хизмат менамояд. Таҳаввулоти таърихӣ ва иҷтимоӣ ба ташаккули ин ниҳод таъсир расонидаанд, ки он дар ҳар давра бо ниёзҳо ва таҳдидҳои мавҷуда мутобиқ гаштааст.
Дар ин мақола, мо таърихи ташаккули фалсафаи Артиши Миллии Тоҷикистонро таҳлил намуда, асосҳои назариявии он ва аҳамияти он дар устувории давлатро баррасӣ мекунем. Ин таҳлил на танҳо таърихи низомиро дар бар мегирад, балки ба таҳаввулоти сохтори ҳарбӣ, равандҳои иҷтимоӣ ва омилҳои фарҳангӣ низ равшанӣ меандозад.
Фалсафаи ҳарбӣ ва ҷанбаҳои он. Фалсафаи ҳарбӣ маҷмӯи ақидаҳои назариявӣ ва амалии марбут ба ташаккул, рушд ва истифодабарии қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Он аз се ҷанбаи асосӣ иборат буда метавонад:
Фалсафаи стратегии мудофиа, ки ба ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шудааст.
Фалсафаи ахлоқӣ, ки рӯҳияи низомиёнро бо арзишҳои инсонӣ ва принсипҳои одилона раҳнамун месозад.
Фалсафаи сиёсӣ, ки артиши миллӣ ҳамчун кафили суботи давлатӣ ва истиқлолияти сиёсӣ шинохта мешавад.
Раванди таърихии ташаккули Артиши Миллӣ. Таърихи Артиши Миллии Тоҷикистон бар пояи таърихи муборизаҳои миллӣ ва ҳифзи давлати тоҷикон ташаккул ёфтааст.
Даврони қадим: Дар аҳди Сомониён ва дигар империяҳои тоҷикон артиш на танҳо ҳамчун қувваи ҳарбӣ, балки ҳамчун муҳофизи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ шинохта мешуд. Артиш на танҳо барои мудофиа, балки барои таҳкими ҳокимият ва паҳн кардани тамаддуну фарҳанги миллӣ истифода мешуд.
Даврони асрҳои миёна: Бо таҳти таъсири ҳуҷумҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҳуҷуми муғулҳо, фалсафаи мудофиавии тоҷикон тағйир ёфт. Ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа тавассути низомҳои ҳарбӣ яке аз рукнҳои асосии он гардид.
Даврони Шуравӣ: Артиши Шуравӣ таъсир ба тарбияи низомиёни тоҷик расонда буд, ки баъдан дар ташкили Артиши Миллӣ таҷрибаи муҳим гардид. Таълимоти низомии шӯравӣ арзишҳои фалсафаи ҳарбии марксистӣ-лениниро дар бар мегирифт, ки бар асоси дифоъ аз манфиатҳои идеологияи сотсиалистӣ асос ёфта буд.
Даврони истиқлолият: Баъд аз соли 1992, бо таъсиси Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фалсафаи нави мудофиавӣ бо такя ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ташаккул ёфт. Дар ин давра, фалсафаи ҳарбӣ бештар ба таъмини суботи дохилӣ, ҳифзи истиқлолият ва мутобиқ шудан ба шароити нави геополитикӣ равона гардид.
Артиши Миллӣ дар асри XXI ба ниҳоди нави мудофиавӣ ва таъмини амнияти миллӣ мутобиқ шудааст. Бо дарназардошти таҳдидҳои ҷангҳои иттилоотӣ ва терроризми байналмилалӣ, артиши муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба стратегияи бисёрҷабҳае такя кунад, ки ҳам мудофиа ва ҳам пешгирии таҳдидҳоро дар бар мегирад.
Артиши Миллӣ таъкид бар ин нукта дорад, ки ҳифзи Ватан танҳо вазифаи ҳарбӣ нест, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Арзишҳои ватандӯстӣ ба ҳифзи тамаддун ва якпорчагии миллат мусоидат намуда, ҳамчун воситаи муттаҳидсозии ҷомеа хизмат мекунанд. Ватандӯстӣ бояд ба ҳисси масъулият ва амали воқеӣ табдил ёбад.
Яке аз рукнҳои муҳимми фалсафаи Артиши Миллӣ баррасии ҷанг ва сулҳ мебошад. Дар таърихи фалсафа, ҷанг ва сулҳ ҳамчун ду ҳолати мухталиф, вале вобаста ба ҳам таҳлил шудаанд. Афлотун “ Ҷангро чун воситаи ҳифзи адолат мебинад”, дар ҳоле ки Кант “ Сулҳро идеали ниҳоии ҷомеаи инсонӣ мешуморад”. Артиши Миллии Тоҷикистон, бо дарназардошти ин ду ақида, сиёсати мудофиавӣ ва таъмини суботро афзалият медиҳад.
Фалсафаи Артиши Миллӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ амнияти дохилӣ, суботи сиёсӣ ва пешгирии таҳдидҳои хориҷиро таъмин менамояд. Ин фалсафа бо ақидаҳои сиёсии муосир, ки низоми ҳарбӣ на танҳо барои ҷанг, балки барои сулҳ ва рушди иҷтимоӣ низ хизмат мекунад, мутобиқат дорад.
Артиши миллӣ ҳамчун сутуни истиқлолият ва тамомияти арзии давлат нақши калидӣ дорад. Фалсафаи артиши миллӣ на танҳо принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти артишро дар бар мегирад, балки арзишҳои ахлоқӣ ва стратегиро низ муайян менамояд. Масалан, дар таърихи кишварҳои гуногун, артиши миллӣ на танҳо воситаи ҳимояи давлат, балки омили ташаккули ҳувияти миллӣ низ будааст. Таҷрибаи таърихӣ, аз ҷумла артиши Спарта ва низоми ҳарбии Ҷопон дар давраи Самурайҳо, нишон медиҳад, ки: «Артиши муназзам ва дорои арзишҳои устувори ахлоқӣ метавонад на танҳо амният, балки таҳкими ваҳдати миллиро низ таъмин менамояд».
Артиши миллӣ на танҳо як сохтори низомӣ, балки як мактаби ахлоқ ва ватандӯстӣ низ мебошад. Арзишҳои асосии ахлоқӣ дар артиш аз ин ҳикматҳо иборат мебошанд:
Интизом ва масъулият – ҳар сарбоз бояд вазифаҳои худро бо садоқат ва масъулият иҷро намояд.
Муҳаббат ба Ватан – ҷузъи муҳими тарбияи ҳарбӣ ва маънавии афсарон ва сарбозон бояд бошад.
Риояи ҳуқуқи инсон ва қонунҳои байналмилалӣ – артиши миллӣ бояд дар чорчӯби қонунҳои байналмилалӣ амал намояд ва ҳуқуқи инсонро эҳтиром кунад.
Таҳкими ҳамбастагӣ ва рӯҳияи дастаҷамъӣ – рушди ҳамкорӣ ва эҳтироми байни аъзоёни артиш вуҷуд дошта бошад.
Баланд бардоштани сатҳи маънавӣ – таъмини омӯзишҳои мунтазам барои рушди шахсӣ ва касбии низомиён.
Фалсафаи артиши миллӣ на танҳо як соҳаи низомӣ, балки як унсури муҳими ташаккули давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Ватанпарастӣ ва Садоқат ҳамчун асоси устувории артиши миллӣ нақши калидӣ доранд. Барномаҳои тарбияи ҳарбӣ ва маънавӣ дар артиш метавонанд ҳисси масъулият ва садоқатро дар шаҳрвандон тақвият бахшанд, ки ин ба устувории ҷомеа ва давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Комилов Далер Рустамович,
дотсенти ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғода,
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой,
дотсенти Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, полковники милитсия