Суғд: Ҷаласаи корӣ бо Комиссияи ҳудудии байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон
Рӯзи 19 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷаласаи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни ҳудудии комиссияи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гашт.
Ин иқдом бо дастури роҳбари Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо роҳандозӣ гардид.
Гурӯҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон аз ҳайати олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иборат буд, ки ба ҳайати иштирокдорон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз истисмору таъбиз, муқовимат ба савдои одамон, муносибат бо қурбониёни савдои одамон, шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон ва дигар паҳлуҳои мавзӯ мулоқоти судманди дастурӣ гузарониданд.
Дар оғоз муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ҳадафи чорабиниро шарҳ дода хавфу хатари савдои одамонро падидаи номатлуби ҷомеа номид, ки аҳамияти сиёсӣ дорад. Зеро таваҷҷуҳ накардан ба пешгирӣ аз савдои одамон метавонад дар арсаи байналмилалӣ ба нуфузи давлат таъсир расонад.
Дар рафти ҷаласаи корӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушовири вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДМТ Тақдиршоҳ Шарифов ва намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират Баҳром Раҳмадҷонов вобаста ба муқовимат ба савдои одамон, нақшаи миллие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст, корбарии комиссияҳои ҳудудӣ дар пешгирии ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд, хусусиятҳои паҳншавии савдои одамон, оқибати сиёсии он ва мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маълумот доданд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон муборизаи беамон бурда ба ҳаргуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар дохил ва хориҷи кишвар вокуниш нишон медиҳад. Фаъолияти густурда ва ба мавриди Комиссияи ҳудудии байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди ҳукумати шаҳру ноҳияҳо имконият медиҳад, ки ин падидаи номатлуб ҳарчи бештар коҳиш ёбад. Ҷабрдидагон ва қурбониёни савдои одамон аз ғамхорию дастгирӣ бархурдор шуда ҳуқуқу озодӣ ва ҳаёту саломатиашон ҳифз карда шавад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ бо истифодаи таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам ё фиреб намудҳои паҳнгаштаи савдои одамон дар замони имрӯз мебошад, ки гурӯҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа баррасӣ ва бо мисолҳои воқеъӣ матраҳ намуданд. Ҳамзамон дар рафти корбарӣ оид ба мавқеъи қурбониёни савдои одамон ва муносибат ба онҳо дастур дода шуд.
Даъвати гурӯҳи корӣ аз аъзоёни комиссияи ҳудудӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон фаъолияти дастаҷамъона, пурзӯр кардани корҳои ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва ба роҳ мондани чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ бо имкониятҳои сохторҳои шаҳрдорӣ буд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.