Маърифати ҳуқуқӣ эъмори давлати ҳуқуқбунёд
Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт.
Зеро мутобиқ ба муқаррароти «Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон», 24 августи соли 1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуд. Баъдан истилоҳи «Давлати ҳуқуқбунёд» дар баробари соҳибихтиёрию, демократӣ ва дунявӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул гардид, дар моддаи 1 пешбинӣ гардид, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ, василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд инъикос намуд. Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳими давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст. Муҳаққиқон муайян намудаанд, ки давлати ҳуқуқбунёд на танҳо яке аз дастовардҳои иҷтимоӣ, балқи падидаи амалӣ барои таҳким ва ҳифзи озодӣ, шарафи шахсият, мубориза бо миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва бюрократизм аст.
Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ аз 30 апрели соли 2004 қайд намуданд, ки бунёди нави давлати тоҷикон, ки барои халқамон бесобиқа аст, кори танҳо Президент, Ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ нест, балки дар маҷмӯъ вазифаи асосии тамоми ҷомеа мебошад. Ҳадафҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрванди ва мардуми тоҷик, фарҳанги ягонагӣ, фарҳанги сулҳу субот ва созандагӣ, таҳаммул ва инсондустӣ, фарҳанги таъмини волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқҳои инсон ва хулоса фарҳанги демократия мебошад. Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ тамоми сохтору мақомотҳои давлат, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намудааст, ки ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикришуда амалӣ намоянд. Бинобар ҳамин ба хотири ин санаи бузургдошти таърихӣ Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Ба андешаи мо дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари маъсулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Вазифаи мазкур бошад тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар сатҳи Конститутсия ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама маънои тобеъ будани фаъолият ва рафтори ҳама мақомотҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шаҳрвандон ба ҳуқуқро дорад. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро баҳри риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ вазифадор намудааст. Дар асоси меъёрҳои заминавии Конститутсия бошад дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату ҳукумати кишварамон бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид.
Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бомаврид, саривақтӣ ва назаррас ба ҳисоб мерафт. Зеро худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳо бо кормандони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гузаронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, судяҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, инчунин баррасии вазъи риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти риояи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқият дорад, зеро он ба ин васила маҷмӯи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд. Пажуҳишҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳамияти хосса пайдо менамояд. Давоми солҳои охир болоравии салоҳиятноки ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида ва огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегардад. Мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва танфурӯшӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунанд.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки ҳадафи асосии фаъолияти давлату ҳукумати кишвар заминагузори баҳри ташаккул ва таҳкими давлати ҳуқуқӣ равона гардида истодааст.Яъне бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул карда шуданд.Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа. Ҳукумати кишвар ба ғайр аз барномаҳои махсуси соҳавии қабулгардида инчунин барномаҳои дигарро низ дар самти мазкур қабул намудааст, ки мақсаду моҳияти онҳо низ ба масъалаи тақвияти ҳуқуқии аҳолии кишвар равона гардидааст. Масъалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардидани Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки амалишавии татбиқи он баҳри расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар ин самт равона гардидааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд бе робитаи устувори шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифаҳои худро чӣ тавр иҷро мекунанд. Аммо, мутаасифона, мо имрузҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада қонуният ва тартиботу ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамояд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.Бо такя ба андешаҳои баёншуда ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти мутлақи ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд. Бо шиносоӣ намудан ба мафҳум, мақсад ва аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ муайян мегардад, ки маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басо муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии худро сайқал диҳанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мушкилоти зиёде мавҷуданд, аммо танҳо бо кумак ва талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат метавон фарҳанги муътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро ташаккул намуд.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Одиназода А.А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия,
Абдуллозода С.Б., муаллими кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.