Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар фазои иттилоотӣ

1697Муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар фазои иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафт дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияту бехатарии давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. 1699Бо эҳсос намудани хатари оқибати ногувор доштани муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба генофонди давлату миллат ва суботу амният, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсате рӯи кор оварда шуд, ки моҳияти он аз муқовимати беамон бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар иборат аст. Сиёсати мазкур дар амалӣ намудани ташаббусҳои миллии муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ, пурзӯр намудани назорати муомилоти қонунии дорувориҳои нашъаовар, табобат, барқароркунӣ ва офиятбахшии беморони нашъаманд, таҷассум ёфтааст. Бо ташаббуси Президенти давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷумҳурӣ як сохтори бонуфузи зидди мухаддиротӣ – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор дар ин самтҳо вогузор карда шуд.
1700Дар фаъолияти кории худ, Агентии назорати маводи нашъаовар сол ба сол рушд ёфта, ба як мақоми бонуфуз ва дорои кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷриба дар самти муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, табдил ёфт. Бояд зикр намуд, ки дар сохтори Агентии маводи нашъаовар воҳидҳои басо муҳиме фаъолият менамоянд, ки самти кори онҳо дар инкишоф ва рушди мақомоти марбута ва ояндаи неку солимии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар дар қатори муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии он, яке аз самтҳои афзалиятноки маҷмӯи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Агентӣ ба шумор меравад ва ҳисобида мешавад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти Агентӣ вазъи паҳншавии нашъамандиро дар ҷомеа ҳанӯз ҳам нигаронкунанда арзёбӣ намуда, ба ташкили дурусти кор дар ин самт диққати махсус зоҳир менамояд. Бояд таъкид намуд, ки омилҳои муҳимтарини ноил гаштан ба натиҷаҳои самарабахш дар ин соҳа мураттабӣ, ба таври мунтазам ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои зидди нашъамандӣ мебошад. Аз ин рӯ, кормандони Агентӣ муштаракан бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва дар ин замина, пешгирӣ намудани паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар, мунтазам вохӯрию мулоқот, семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, викторина ва озмунҳои гуногуни зиддинашъамандиро дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ ташкил ва баргузор менамоянд.
Бисёр ба маврид аст, ки баҳри таҳкими амал ва ҳамкорӣ барои эҷоди ҷомеаи байналмилалии озод аз нашъамандӣ, саркарда аз соли 1987 Маҷмуаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 26 июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муқовимат бар зидди суйистеъмолии маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он ё Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо маводи мухаддир эълон намудааст, ки ин сана ҳамасола дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамасола баргузории як қатор чорабиниҳоро дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан ноҳияҳои осебпазиру наздисарҳадӣ ва шаҳрҳои калон, ба нақша мегиранд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мушкилоти нашъа ва нашъамандӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибати фоҷиабори истеъмоли он, омӯзиши усулҳои нави пешгирии нашъамандӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Одиназода А.А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия,
Абдуллозода С.Б., муаллими кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...