Интихобот - василаи муҳимтарини рушди ҷомеа ва давлат
Инкишофи рӯзафзуни ҷомеа, рушди раванду ҳодисаҳои мухталифро тақозо менамояд, ки заминаи воқеии таъмини ҳаёти осуда ва татбиқи орзӯву ормонҳои инсонро фароҳам месозад. Яке аз чунин раванду ҳодисаҳои муҳимми ҷомеаи муосир - интихобот ҳисоб меёбад.
Интихобот, механизми муҳимтарини демократикунонии ҷомеа, тарзи таъсис додани мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ мебошад, ки аз рӯи меъёрҳои муайян ва тавассути изҳори иродаи сиёсии шаҳрвандон сурат мегирад. Интихобот воситаест, ки тавассути он таҳкиму такмили сохторҳои ҷамъиятӣ таъмин мегарданд.
Моҳияту хусусияти интихобот ҳамчун унсури муҳимми ҷомеа, дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ дарҷ гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, моҳияти сиёсиву иҷтимоии он ифода гардидаанд. Барои мисол метавон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ дар ин самт қайд намуд. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ин замина, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Омӯзиши сарчашма, адабиёти илмӣ ва мадракҳои таърихӣ ифодаи он мебошанд, ки интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи инсонӣ ҳисоб меёбад. Интихобот институти пешқадами қонунӣ гардонидани системаи сиёсӣ ва режими сиёсӣ мебошад, ки бо ифодаи иродаи халқ, яъне овоздиҳӣ робита дорад. Интихобот дорои вазифаҳои муайя ва принсипҳои хоси худ буда, асосан арзишҳои гуманистиро доро мебошанд.
Принсипҳои асосии демократии ҳуқуқи интихоботӣ дар умумӣ, баробарӣ ва пинҳонӣ будани овоздиҳии бевоситаи шаҳрвандон инъикос мегардад. Чунин хусусиятҳои таркибии принсипҳои интихоботи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан намудор мебошанд. Чунин ҳолат, борҳо аз ҷониби шаҳрвандон, инчунин нозирони миллӣ ва байналмилалӣ низ баён гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар остонаи чунин маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад, мо сокинони ин кишвари озоду ором ва соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар ин раванд ҳиссаи арзандаи хешро гузошта, масъулияти шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан иҷро намоем.
Масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагон дар бобати иштироки фаъоли онҳо дар интихобот аз муҳимтарин рисолати як шаҳрванд дар назди миллату давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин иштироки фаъоли ҷомеаро дар ин раванд хеле мубрам мешуморем.
Вобаста ба ин масъала, яъне баргузории маъракаи интихоботӣ дар кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки ба охир мерасад, ёдоварӣ намуда, барои фаъолияти пурсамар ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдории худро изҳор намуданд. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки «Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд».
Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гувоҳи онанд, ки давлату Ҳукумат барои таъмини раванди шаффофу озоди интихобот ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ин раванд талош варзида, ҳама чораҳоро меандешанд.
Ҳамагон огоҳ мебошем, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба асосҳои давлатдории миллӣ ва амнияту истиқлолияти кишвар, фарҳангу маънавиёт ва суннату анъанаҳои миллӣ возеҳу равшан аён мебошад.
Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, рӯз аз рӯз афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, «ҷанги сард», терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки ҳарчӣ бештар барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, амнияту истиқлоли хеш аз таҳдиди чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа талош намоед.
Мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоем ва дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, ба ҷонибдории номзади арзанда овози худро диҳем.
Хулоса, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавони бонангу номуси Ватан бояд дарк намояд, ки иштироки онҳо дар маъракаи муҳимми сиёсии кишвар - интихобот на танҳо рисолати инсониву шаҳрвандӣ, балки қадами устувор ҷониби ояндаи дурахшони миллату давлат мебошад. Чунки пирӯзии миллату давлат, дастоварду комёбиҳо ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, бо иттиҳоду ҳамбастагӣ бахусус муттаҳидии ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар равандҳои сиёсӣ метавонад рушди устувори кишвари худро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба давлати боз ҳам шукуфону мутамаддин табдил диҳад.
Самиъзода Б.С., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия