Забондонӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забон яке аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ҳар як миллат мебошад. Он на танҳо василаи муошират, балки омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва рушди арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, калиди муваффақият ва пешрафту тараққиёт дар ҷаҳони муосир мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, масъалаи забондонӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа таъкид гардид.
Президенти кишвар бо ишора ба муҳиммияти забони модарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, бояд ба омӯзиши амиқи забони тоҷикӣ ва ҳамчунин забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ин сиёсати забондонӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, алоқаманд мебошад.
Забони тоҷикӣ, ки садсолаҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳамчун забони илм, адабиёт ва фарҳанг хизмат кардааст, имрӯз ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи истиқлолияти давлатӣ мавқеи устувор дорад. Дар Паёми соли 2024 Президенти кишвар таъкид намуанд, ки забони давлатӣ бояд тозагӣ ва асолати худро ҳифз намояд ва истифодаи он дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дуруст ба роҳ монда шавад.
Бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ расман мавқеи қонунии худро пайдо кардааст, дар ҷомеа мушкилоти зиёде ба назар мерасад. Аз ҷумла, истифодаи нодурусти забон дар ВАО, рекламаҳо, санадҳои расмӣ ва муоширати ҳаррӯза яке аз масъалаҳое мебошад, ки бояд ҳалли худро ёбад. Дар Паём қайд карда шуд, ки барои рушди забони давлатӣ ва баланд бардоштани маданияти забонӣ дар ҷомеа, мақомоти дахлдор ва тамоми шаҳрвандон масъулияти бузург доранд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати забондонии давлат таваҷҷуҳ ба сатҳи таълими забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ зикр намуд, ки низоми маорифи кишвар бояд на танҳо омӯзиши забони модариро дар сатҳи баланд ба роҳ монад, балки инчунин ба ҷавонон имконияти омӯхтани забонҳои хориҷиро фароҳам оварад.
Дар ин раванд, нақши омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ ниҳоят муҳим аст. Дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба таҳкими меъёрҳои дурусти истифодаи забони тоҷикӣ, омӯзиши қоидаҳои имло ва услуби забон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ҳамзамон, омода намудани китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ бо забони содаву равон метавонад ба беҳтар шудани сатҳи дониши забонӣ дар байни насли ҷавон мусоидат кунад.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, донистани як ё якчанд забони хориҷӣ яке аз талаботи асосии рушди шахсӣ ва касбӣ ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар махсусан таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва дигар забонҳо таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ на танҳо барои таҳсил ва кор дар хориҷи кишвар имконият фароҳам меорад, инчунин барои ҷалби сармоягузорон, рушди иқтисод ва илму технология дар дохили кишвар низ нақши муҳим мебозад. Ҳукумати кишвар дар солҳои охир як қатор иқдомҳоро ҷиҳати такмили низоми таълим ва ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣро амалӣ намудааст.
Дар Паёми нимсола махсус зикр гардид, ки барои омӯзиши босамари забонҳои хориҷӣ бояд омӯзгорони баландихтисос ҷалб карда шаванд, дар муассисаҳои таълимӣ шароити муносиб муҳайё гардад ва технологияҳои муосири таълимӣ истифода шаванд. Инчунин, дастгирии донишҷӯён ва омӯзгороне, ки мехоҳанд дониши худро дар хориҷи кишвар такмил диҳанд, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб мешавад.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндаи миллат бояд дар ҳифз ва рушди забони модарӣ, инчунин дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фаъолона саҳм гузоранд. Дар Паём таъкид гардид, ки ҷавонони тоҷик бояд ҳам забони модарии худро дар сатҳи олӣ донанд ва ҳам бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда забонҳои хориҷиро омӯзанд.
Бо ин мақсад, таъсиси марказҳои омӯзиши забонҳо, омода кардани барномаҳои мукаммали таълимӣ ва дастгирии ҷавононе, ки мехоҳанд забондонии худро такмил диҳанд, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки бояд дар сатҳи давлатӣ амалӣ карда шаванд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 масъалаи забондониро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуд. Забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии ҳувияти миллӣ бояд ҳифз ва такмил ёбад, дар ҳолеки омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои мутобиқшавӣ ба талаботи ҷаҳони муосир ва рушди кишвар муҳим мебошад.
Барои татбиқи пурраи сиёсати забондонӣ, ҳамкории ҷомеа, давлат ва муассисаҳои таълимӣ зарураст. Танҳо бо меҳнати пайваста ва масъулияти шаҳрвандон метавон забони тоҷикиро ҳамчун як забони қавӣ, бою ғанӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ шинохта ҳифз кард ва ҳамзамон, бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст.
Маҳмадзода З.X., капитани милитсия.