Викторина дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
27 феврали соли 2025 аз ҷониби кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷрои банди 1 фасли 4 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, викторина бахшида ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет ва курсантони курсҳои сеюм ва чоруми Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. кушода эълон намуда, аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдрас гардид.
Қайд карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ мақоми хосаро касб менамояд ва мову шуморо зарур аст, ки баҳри беҳтару хубтар омода намудани мутахассисон дар ин самт ҷаҳду талош намоем.
Баъдан таҳти ровигии муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода Муқаддас Рева аъзоёни дастаҳои курси 3 ва 4 ба саҳна давъат гардида, муаррифӣ карда шуданд. Дастаи курси 3 бо номи «Пайравони Пешво» ва дастаи курси 4 бо номи «Адолат» номгузорӣ шуданд.
Викторинаи мазкур аз ду давра иборат буда саломномаи гуруҳҳо, қисми аввали викторина бо саволу ҷавоби гуруҳҳо, лаҳзаи фароғатӣ, «Саҳнача» аз тарафи иштирокчиёни озмун нишон дода шуд, ҷамъбасти қисми аввали викторина аз тарафи ҳакамон холгузорӣ карда шуд.
Қисми дуюми викторинаро саволу ҷавоби гуруҳҳо дар бар гирифт, ки то омода шудани холгузории аъзои ҳакамон аз тарафи ҳар ду дастаҳо қироати шеър аз ашъори Ниҳонӣ бо тарзи хондани бурро ва ифоданак шунида шуд аз тарафи ҳар ду дастаҳо нишонаҳои сарисинагӣ (бейҷигҳо) бо нишонаи номи гуруҳҳо омода карда шуд буданд ва давраи дуюм саволҳои додашуда ҷавобҳои аниқ гардонданд.
Бахши хотимавии викторинаро барои муайян кардани ҷойҳо ба дастаҳо, барои баромади саволу ҷавобҳои курсантон, ки дар озмун вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯи» ҷойи якумро ба курсантони курси ҷорум дастаи «Адолат» бо 38 хол ва ҷойи дуюмро ба курсантони курси сеюм «Пайравони Пешво» бо 35 хол сазовор гаштанд эълон намуда, зимни баромад, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Комилзода З.К., чунин қайд карданд, ки бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон василаи муҳими баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти олӣ дошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Васеъ ҷалб намудани курсантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои бартараф намудани мушкилоте, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодааст, мусоидат менамояд. дар охир
Тариқи саволу ҷавоб ба мавзӯи баррасишаванда байни устодон ва курсантон суҳбатҳои ҷиҳати илмӣ дошта баргузор гардид, ки он хеле ҷолибу хотирмон буд ва баъди гузаронидани викторина дар самти оперативӣ теъдоди зиёди курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шавқу рағбати зиёд пайдо намуда истодаанд.
Муаллими кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р.