Ҳифзи Ватан муқаддас аст!
Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обу тоби ҷисмонӣ ва ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоъи мардонагӣ гирифта муҳофизати марзу буми Ватанро меомӯзанд.
Хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар аст, зеро Модар Ватан ду мафҳуманд ки бо ҳам алоқаманд мебошанд. Маҳз сарбозон ҳастанд, ки кишвари азизамонро ба таври шабонарӯзи муҳофизат намуда ҳаёти осоиштаи сокинонро таъмин менамоянд.
Иштирок ва баромади курсантони факултети 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни "СУРУДИ САРБОЗ" байни ҳаваскорони санъати қисмҳои ҳарбии 0235, 0230, 0215, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар в.Суғд, қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллӣ, қисми ҳарбии 01972 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 08362 БЗД, 07820 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 03377 Комендатураи ҳарбии Горнизони вилояти Суғд, факултети 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони " Ҳифзи Ватан муқаддас аст " дар доираи ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳар як иштирокчӣ бо ҳунару маҳорати касбии хеш бори дигар исбот намуд, ки баҳри Ватан софдилона хизмат менамояд. Хизмат ба Ватан барои онҳо қарз ва рисолати мардонагист. Маҳз дар Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонписарон дарси шуҷоъату мардонагиро омӯхта муҳофизат кардани хоку пои Ватанро ёд мегиранд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти манфиатҳои ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси мо хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан шараф ва номуси ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Муродзода Ф.Ғ., Раиси Шӯрои ҷавонони факултети 4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия