ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
«Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ,
расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу
миллат мебошад. Аз фарҳангу миллат дида,
башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо
ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод
накардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги миллии худ шинохта шудааст. Истиқлоли давлатиро бошад дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва инкишофи илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.
Хушбахтона, дар замони Истиқлол илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф шудааст. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа ва дар тарбияи насли наврас, эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд. Бояд зикр кард, ки истиклоли фархангӣ дар баробари истиклоли сиёсӣ барои ҳар як фарди худшиносу ватанпарвар азизу муқаддас бояд бошад.
«Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд» - иброз доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024. Ҳамзамон, дар робита ба ин бори дигар таъкид намуданд, ки: «Фарҳанг ҳастии миллат аст».
Боиси ифтихор аст, ки фарҳангро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамагуна чорабиниҳоро раҳандозӣ менамояд.
Ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат дар ибтидои суханронии хеш ҳангоми ироаи Паём қайд карданд: «Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод».
Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани мамлакат собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳад. Метавон гуфт, ки дар давлати мо соҳаи фарҳанги миллӣ муттасил рушд менамояд ва дар ин бобат саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.
Ҳамчунон, ки дар баромади Пешвои миллат муайян гардид, тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Бамаврид аст, қайд намоем, ки танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар рафти баромади худ Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва мо ният дорем, ки онҳоро дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Ҳангоми ироаи Паёми хеш Пешвои миллат дар бораи баланд бардоштани фарҳанги миллӣ сухан ронданд. Фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ аст. Дар асри XXI, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва омехташавии фарҳангҳо бештар ба назар мерасад, фарҳанги миллӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дучор мегардад. Фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия дар байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад. Маънавиёти ҷомеа дар он сурат баланд бардошта мешавад, ки хусусиятҳои миллӣ дошта бошад ва нигаҳдорандаи арзишҳои таърихии мо бошад. Зеро ҷомеаи мо ба тарбияи насли дорои тафаккури созанда, чаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва ватанпараст ниёз дорад.
Ин нуқтаро Пешвои миллат дар баромади худ ҳушдор доданд, ки мақомотҳои дахлдор бояд ба сохтмону азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ диққати бештар диҳанд, зеро: «фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Ҳушбахтона, тайи солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Ногуфта намонад, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи миллату давлати моро баланд мебардорад.
Бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳангро вазифадор намуданд, ки: «маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».
Вобаста ба ин, мо бояд имрӯз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, ҳамаи шаҳрвандони фарҳангдӯстдори ин сарзаминро вазифадор менамояд, ки дар баробари дигар соҳаҳои муҳимми ҷомеа дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек бо донишу маҳорати эҷодиву ташкилотчигии хеш дар таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва шинохти таъриху тамаддуни фарҳанги миллӣ ҳиссаи созгор гузорем.
Абдураҳмонзода Наимҷон,
омӯзгори Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия