ЭҲТИРОМ ВА РИОЯ НАМУДАНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Ҳар қонун ва низоме, ки аз эҳтиром ва риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бебаҳра бошад, ҳамеша дар таваҷҷуҳи андешаҳо ва танзими ҳаёти иҷтимоии мардум ноком аст. Инсоният дар раванди ҳастии худ ҳамвора ҷониби озодӣ майл намуда, онро ҳамчун як рукни асосии ҳаёт ва нишонаи зиндагӣ маънидод карда, замина гузошт то дар марҳилаи бунёди давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд он ба сифати унсури марказӣ пазируфта шавад.
Зиёда аз ин, дар м.5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он эътироф мешавад, ки ин шарт дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳони муосир муҳимтарин меъёри шинохти давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ корманди оперативӣ ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро бояд ҳимоя кунад. Дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ корманди оперативӣ набояд аз ваколатҳои муайяннамудаи қонун берун барояд. Дар сурати татбиқ намудани тарзу усулҳои оперативӣ нисбати шахс истифодаи зӯроварӣ, маҷбуркунӣ ва ҳаракатҳое, ки ба паст кардани обрӯю эътибори инсон оварда мерасонанд, манъ мебошад.
Ба андешаи олими рус И.Н. Лукянова: «роҳи ҳуқуқшинос бе донишҳои қавии аз курсии донишҷӯӣ нагирифта, тангу торик буда, оқибат ба пастшавии обрӯи касбии худи он ва мақомоти давлатӣ бурда мерасонад» (Лукьянова, И.Н. Интерактивные приемы в преподавании гражданского процессуального права // Сборник статей и методических материалов. - М.: МГЮА, 2006. - С. 14).
Пеши роҳи чунин бархӯрдҳои манфиро дар ҷомеа танҳо ба василаи тарбияи дурусти маърифатӣ, ахлоқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ эҳтиром ва риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд метавон гирифт. Ин бесабаб нест ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои меҳварии Паёмҳо ва баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.
Тавре Сарвари кишвар гуфтанд: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. -Душанбе, 2025. С. 50).
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. -Душанбе, 2025. С. 40).
Мо бояд барои донистани эҳтиром ва риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърифати ҳуқуқӣ дошта бошем. Маънои маърифат, илму дониш, шинохтан, донистан, биниш, тамиз, фаҳм, шиносоӣ, ошноӣ ва ҷаҳоншиносӣ аст. Маърифати ҳуқуқӣ бошад, соҳиби донишу фаҳм будан маҳсуб меёбад. Яъне, мо бояд аз қонун ва ҳуқуқ бохабар бошем. Ба ин восита аз ҳуқуқҳои худ, умуман аз ҳуқуқҳои инсон, қадри имкон огоҳӣ ҳосил кунем.
Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи системаи давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон; Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон; Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 аз 30-юми декабри соли 2021 қабул карда шуд, ки далели равшани сиёсати ҳадафмандонаи кишвари мо дар самти ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани маърифатӣ фарҳанги ҳуқуқи инсон ба ҳисоб мераванд.
Инсонро эҳтиром кардан маърифат аст. Ба ҳаёту номуси одам дахл накардан маърифати ҳуқуқӣ аст. Ба ҳифзу ҳимояи ҳар пораи хоки Ватан омода будан аз маърифати ҳуқуқӣ доштани мо гувоҳӣ медиҳад. Ҳар инсон шаъну шараф дорад. Муносибати дуруст кардан бо атрофиён, эътироф кардани нақши онҳо ин маърифати ҳуқуқӣ, донишу фаҳмиши ҳуқуқӣ мебошад, ки сарчашмаи ин ҳама Конститутсия аст.
Бузургон гуфтаанд: «Биомӯзем то биомӯзонем». Сарфи назар аз он, ки мо миллати донишандӯз ва омӯзгор ҳастем, ҳамеша зарурат ба омӯзиш дорем. Зеро инсоният ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз дорад. Тавре ки паёмбари ислом фармудаанд: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯз».
Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дар меёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хосае зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки баробари инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ чун «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у«Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва м.и. барин асарҳо саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳимми таъмини тарбияи маърифати ахлоқиро фаро гирифтаанд.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсон, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон ҳамчун падидаҳои нав дар замони муосир як бахши муҳимми на танҳо илми ҳуқуқи инсон, балки тамоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳсуб меёбад. Маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсон дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва бархӯрди тамаддунҳо барои омӯзиши хусусиятҳои муҳимми фарҳанги ҳуқуқии миллӣ ва ҳифзи он аз воридшавии унсурҳои бегона хизмат мекунад ва дар оянда низ давом ёфта, дар ин самт мо ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил мегардем, зеро, ки тамоми ҷомеаи имрӯзаи мо ба масъалаи боло бурдани эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро фарогир аст.
Дар Паёми навбатӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ба яке аз масъалаҳои асоси пешгирии бегонапарастӣ ишора намуданд. “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. -Душанбе, 2025. С. 44).
Яке аз паҳлӯҳо ва ҷанбаҳои сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ татбиқи худро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ бевосита ёфта истодааст. Дар ин ҷода, амалигардонии сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо ин маҳдуд нагардидааст. Ҷиҳати тақвият додани заминаи иҷтимоӣ-фарҳангии сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мо кӯшиш карда истодаем, ки ҷаҳонбинӣ, омилҳои арзишӣ-ғоявӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии онро тақвият бахшем. Масалан, бо мақсади такмили асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, такмил додани фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ даҳҳо конференсияҳо, семинарҳо, конкурсҳо дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор намуда истодаем.
Албатта, чунин озмунҳо дар мавзӯъҳои гуногун ташкил карда мешаванд, ки мақсад аз гузаронидани онҳо баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ мебошад. Аз ҷумла, озмунҳо дар мавзӯъҳо ва самтҳои зерин гузаронида шудаанд:
«Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Сирри давлатӣ», «Беҳтарин корманди оперативӣ», повести «Марги судхӯр»-и сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, «Илм - фурӯғи маърифат», «Хонандаи беҳтарини китоби «Тоҷико»-и Бобоҷон Ғафуров», «Беҳтарин донандаи забонҳои англисию русӣ», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Китобхони беҳтарин», «Нашри беҳтарин», «Беҳтарин нозири минтақавӣ», «Автобону» ва ғайра. (Раҳимзода Р.Ҳ. 30 соли истиқлолият, 10 соли фаъолият. Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашри махсус № 35 (644), 9.09.2021. С. 34).
Ба ҳамин хотир дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва густариши ҷаҳонишавӣ маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсон ҳамчун падидаи серпаҳлу ба таҳлили илмии амиқ ниёз дорад.
Дар ҷаҳони муосир таҳти шиори ҳуқуқи инсон баъзан вақт унсурҳо ё падидаҳои бегона рӯи кор меоянд. Маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсон падидаест, ки монеи воридшавии унсуру арзишҳои бегона ба низоми ҳуқуқӣ мегардад. Дар як вақт падидаи таҳқиқшаванда воридшавии омилҳои зидди маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсонро ба шуур ва рафтори одамон пешгирӣ месозад.
Яке аз омилҳои асосии ташаккули маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсон таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ин раванди муташаккил ва мақсадноки таълиму тарбия дар рӯҳияи эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ки мақсад аз он рушди малакаю маҳорат, қобилияти амалисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва дар асоси стандартҳои таълимӣ дар ҳар як шахс ба вуҷуд овардани маърифати фарҳанги ҳуқуқи инсон аст. Субъектҳои он мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ки дар раванди таълим иштирок мекунанд ва ё вобаста ба ташкил ва идоракунии он алоқаманданд. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қисми таркибии сиёсати давлатии маориф ба ҳисоб рафта, дар асоси барномаҳои таълимӣ, нақшаҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Маориф ва илму дониш раҳнамунгари инсоният ба сӯи камолоти маънавӣ ба шумор рафта, чароғи равшане мебошад, ки на танҳо имрӯз, балки фардоро низ нуру ҷило мебахшад. Маҳз аз ҳамин сабаб, маориф дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат мақеи муҳим ва калидӣ дошта, ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ба андешаи ӯ “...то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд”. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. -Душанбе, 2025. С. 30).
Ҳамин тариқ, принсипи эҳтиром ва риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи ташаккул қарор дорад. Аз ин рӯ, фаҳмиши назариявӣ, дарки зуҳурот ва равандҳои мусбат ва манфие, ки дар замони муосир ҷой доранду ба он таъсир мерасонанд, ногузир аст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба камол расонидани насли ҳаматарафа солим, соҳиб маълумот, бунёдкор, нерӯманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад. Агар ин рисолати таърихиро баҷо оварда тавонем, мо ба ояндаи неки ворисони хеш ва пойдории Ватану миллатамон умед баста метавонем. Итминони комил дорам, ки бо такя ба хираду заковати азалии миллати тоҷик, маънавиёти ғанӣ, суннатҳои ҳазор сола ва арзишҳои волои умумибашарӣ мо ба ин ҳадафи бузург муваффақ хоҳем шуд.
Файзалӣ ҚОСИМОВ, Сафарзода Саида.