Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди қонунгузории фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар давраи Истиқлолият

173018-уми марти соли 2025 дар асоси фасли 4 банди 3 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети № 4 Академияи мазкур ба муносибати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ дар мазуи «Рушди қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давраи Истиқлолият» баргузор гардид.
1731Конференсияи илмӣ - амалиро бо сухани ифтитоҳӣ, муовини сардори факултет, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф оғоз намуда, иштирокдорони чорабиниро барои ташриф овардан ба факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
1732Қайд гардид, ки мақсади гузаронидани конференсияи илмӣ - амалӣ пешбурди фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми чораҳои давлатӣ - ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шакли мустақили фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад, ки барои амалисозии вазифаҳои сиёсати давлат дар ин самт равона гардидааст.
1733Дар конференсия олимон, омӯзгорон, курсантони курси сеюму чорум ва кормандони пуртаҷриба аз амалия, иштирок намуданд.
1734Аз ҷумла Саидмирзозода Аббос Саидмирзо сардори шуъбачаи ШКҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия дар мавзуи «Таърихи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», яъне дар бораи манбаъҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, разведкавӣ ва зиддиразведкавӣ, таърихи пайдоиши ФОҶ дар Тоҷикистон, давраҳои тараққиёбии ФОҶ дар давраи Шӯравӣ (солҳои 1919-1992), мафҳуми асосои ҳуқуқии ФОҶ ва мисолҳо аз амалӣ оварда шуда, сипас Абдураҳмонзода Ином Илҳом, муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, подполковники милитсия дар мавзуи «Саҳми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар рушди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Инчунин аз тарафи курсантон низ баромадҳои вобаста дар доираи мавзӯи конфронс хело ҷолиб ва пурмуҳтаво шунида шуд. Ба монанди курсантони курси 3, гурӯҳи 305, милитсиҳоя қаторӣ Абдухалилзода Абдураҳмон дар мавзуи «Развитие и становления оперативно – розыскной деятельности» бо забони русӣ ва милитсияи қаторӣ Ҳакимов Хусрав дар мавзуи «Давраҳои таърихии инкишофи қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуданд.
Ҳамин тариқ ҷиҳати батанзимдарории қонуни ФОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо аз соли 1993 сухан гуфтан лозим аст, зеро ки аввалин маротиба Қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии тоҷикистон» маҳз 28 декабри соли 1993 таҳти № 923 қабул шуда, аз ҳамин давра сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои оперативии ваколатдори мақомоти давлатӣ ошкоро амалӣ намудани ин намуди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро мутобиқи Қонуни мазкур оғоз намуданд ва ин гуфтаҳо, аз ҷумла, ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ дахл дорад. Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад.
Дар анҷоми кори конференсияи илмӣ-амалӣ муовини сардори факултети №4, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф барои ташрифи меҳмон аз РВКД дар вилояти Суғд, иштирокчиён, баромадкунандагон ва курсантон миннатдорӣ изҳор намуд.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...