Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯз мерасад

1735Наврӯз мерасад ба чаман рафтуо кунед,
Худро ба оби навдаи гулҳо даво кунед.
Дар сабзазор рафта ба ёрони дилнишин,
Аз доругири зиндагӣ як дам баҳо кунед.
Аз шоха гул канеду бибӯед накҳаташ.
Як дам ғизо шамимати боди сабо кунед.
Бинед, ки абр рӯи само мекунад шино,
Борон бибор гуфтаву шукри ҳаво кунед.
Аз тундаре, ки тир занад сӯятон ба қаҳр,
Бе тарсу ларз такя ба кори Худо кунед.
Наврӯзии Азиза агар медиҳи бидеҳ.
Он гуна, ки замонаро аз ғам раҳо кунӣ.
Азизаи Давлатшоҳ

Насими бӯйи гул

Аз боди сафои навбаҳорон мастам,
Аз нашъаи шӯхи обшорон мастам.
Гул чоки сари синаву ман чоки ҳавас,
Аз синаи чоки чашмасорон мастам.
Абри сияҳу сафед ба дунболаи ҳам,
Аз шӯхиву нози резаборон мастам.
Зардолу чакан кашида бар сар чу арус,
Аз қақраи кабки масти мастон мастам.
Сад панҷаи мӯ ба гардани беди ҷунун,
Аз рези ба рези кокулафшон мастам.
Баҳман таги чатри барфи дилбастаи об,
Аз ғаб-ғаби абри чархи гардон мастам.
Рӯзе, ки насими бӯи гул меояд,
Монанди ғизоли кӯҳсорон мастам.
Дар соғари гул Азиза борон майи ноб,
З-ин соғари май чу майпарастон мастам.
Азизаи Давлатшоҳ

ГУЛИ НАВРӮЗӢ

Боз дар боғ баҳор силсилаҷунбон омад,
Боз аз кӯча ба ман бӯйи баҳорон омад.
Дар ҳаво селаи мурғон ба паропар нак боз,
Боз дар шохи шаҷар лонагузорон омад.
Боз як бачаяке домани кӯҳ пой кашид.
Зи барии тепа ба бар халтаи торон омад.
Инак аз кӯча расад чаҳ-чаҳи мурғони чаман,
Инак аз раста ҳама чеҳрагулистон омад.
Субҳ дигар нарасад қар-қари зоғони ало,
Балки булбул ба назар гашта ғазалхон омад.
Дигарам нест Азиза ҳаваси коғази гул,
Гули наврӯзии тар то назарафшон омад.
Азизаи Давлатшоҳ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...