Иштироки курсантони факултети №4 Академияи ВКД дар ҳафтаи байналхалқии эҷодӣ дар шаҳри Рязан
Курсантони факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14-ум ҳафтаи эҷодиёти курсантон ва донишҷӯёни ташкилотҳои таълимии ИДМ дар шаҳри Рязани Федератсияи Россия фаъолона иштирок карда истодаанд.
Дар дастаи курсантони факултети №4 Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон курсантони курси 4 Бобоев Муҳаммадали, курсанти курси 3 – Султонзода Сиёвуш ва курсантони курси 2 – Лифаев Мустафо ва Эргашев Бобурмирзо иштирок карда истода, дастаи мазкурро сардори факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С. роҳбарӣ дорад.
Озмуни мазкур бахшида ба рӯзи кормандони Иҷрои Ҷазои Ҷиноятии Федератсияи Росия ва 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил карда шудааст, ки дар он намояндагони 5 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-даста, Ҷумҳурии Узбекистон 1-даста, Ҷумҳури Озорбойҷон 1-даста, Ҷумҳурии Беларус 2-даста ва Федератсияи Россия ва дар умум 7 даста иштирок намуда истодаанд, ки аз санаи 18-уми март оғоз ёфта, курсантони мо аз рӯзи аввал соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Яъне ҷойи аввал курсанти курси 2 - Лифаев Мустафо дар мавзуи «Моя будущая профессия» ва инчунин ҷойи дуюмро дастаи курсантон дар озмуни «Эрудит» в формате «Что? Где? Когда?» ишғол намуданд.
Озмуни мазкур аз 18-ум то 21-уми марти соли 2025 давом ёфта, ин натиҷаҳо танҳо дар рӯзи аввал мебошанд.
Бобоев Муҳаммадали, сардори даста, курсанти курси 4, факултети №4 Академияи ВКД