Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Эй халқи ҷаҳон,хуш аст наврӯзии мо”…

1749Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. 1750Наврӯз, дарвоқеъ яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.
1751Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як халқу миллати ҷомеаи башарӣ дорои анъана ва иду маросимҳои миллии хеш мебошад, вале ба кам миллатҳо дар тули таърих муяссар мегардад, ки онро ба сатҳи байналмилалӣ бардоранд. 1752Барои ин тадқиқоти илмии возеҳу равшани боварикунандаи илмӣ ва таҳлилӣ лозим аст. 1753Яке аз ин шахсиятҳои бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавассути ташаббусҳои шахсӣ ва меҳру мухаббати бепоён ба фарҳанги миллӣ ба ин ҳадафи бузург онро то сатҳи СММ, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баровард.
1754Пешвои миллат дар баромадҳояш таъкид менамояд, ки тоҷикон миллати фарҳангӣ мебошанд. Маҳз фарҳанги волои тоҷикон таваҷҷуҳи олимону адибони ватанӣ ва ҷаҳониро ҷалб намуда,онҳо дар осори худ ба фарҳанги миллӣ ва расму оини тоҷикон баҳои баланд додаанд.
«Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд» [3, с.14] - менависад, Пешвои миллат дар асараш «Забони миллат – ҳастии миллат».
Ҳастии миллат дар воқеъ ба забон, таърих, фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ робитаи ногустастанӣ дорад. Яке Забон, дувум Наврӯз аст, ки тоҷиконро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Муҳаққиқ Маҳкамов С., дар тадкиқоташ зери унвони «Ориёиҳо ва корнамоии онҳо» менависад: «Адиб ва олими энсиклопедисти охири асри 14 ва аввали асри 15-и Миср Абул-аббоси Қашқашангӣ дар асари «Субҳи тираранг» ба хулосае омад, ки Наврӯз бори аввал дар замони шоҳаншоҳии Ҷамшед ҷашн гирифта шудааст» [4,c.18] ».
Мутафаккири тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар асараш «Осор-ул-боқия» менависад: «Ҳар шахсе аз рӯи таббарук ба ин рӯз дар даште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд , ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт хел ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ба ҳосили солиёна пешгӯи кунанд» [5,c.236 ] . Аксаран идеологҳои ифротпараст Наврӯзро ба оини динӣ шабоҳат медиҳанд, аммо аз гуфтаҳои Абурайҳони Берунӣ , Наврӯз ба ягон дин вобастагӣ надошта иди оғози соли нав ва кишту кори зироатҳо мебошад.Профессор Раҳимзода Р.Ҳ., дар китоби «Фазилати Пешво» менависад: «Наврӯз ба дин таълуқ надошта, аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ба шумор рафта таърихи чандҳазорсола дорад…» [6,c.56].
Истоқлолияти давлатӣ барои эҳёи сунатҳои миллии тоҷикон такони бузург бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудан (ноябри соли 1992) ба густариши забон, таърих ва фарханги миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуданд.Нахустин кӯшиши Роҳбари давлат ин ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе соли 1999 буд. Сипас Сарвари давлат атрофи ҷаҳонишавии Наврӯз андешаронӣ ва тадқиқотҳояшро дар асари безаволи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз «Ориён то Сомониён» идома дода менависад: «Имрӯз миллати тоҷик аз фарозу шеби таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуввияти миллии хешро нигоҳ доштааст, ки аз ҳамон ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ ва дастовардҳои пурарзиши тамаддуни ислом ғизо мегирад [7, c.31]».
Пешвои миллат аввалин шуда дар байни давлатҳои Шарқ ҳавзаи нави фарҳангии Наврӯзро созмон дода, муштарак бо Анҷумани форсизабонони ҷаҳон, давлатҳои Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Миёна дар муҳити нави фарҳангӣ Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат натиҷаҳои самарабахш ба бор овард. Наврӯзи тоҷикон тавонисит, ки муҳити нави таҳаммулпазирӣ ва тантанаи саодатро дар сарсари ҷаҳон ба вуҷуд оварад.
Ҳамин буд, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.
Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э
Адабиёт:
1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Душанбе,2016.- С.31.
2. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат - ҳастии миллат.Душанбе,2016.-С.14.
3. Раҳимзода Р.Ҳ.Фазилати Пешво. Душанбе,2019.- С.56.
4. Маҳкамов С. Ориёиҳо ва корнамоии онҳо. Душанбе,2006.- С.18.
5. Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. Душанбе,1990.- С.236.
6. Павлов А. История Туркестана. Ташкент,1910.- С.11.
7. Вамбери А. Очерки Средней Азии. М.,1868.- С.318-319.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...