Муҳиммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷомеаи муосир
“Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат ба ин масъалаи диққати махсус дода, дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуданд: «Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан,забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин, аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги рус, англис ва ҷаҳон нақши пешбаранда дорад. Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфта, донистани онҳо омили муваффақият ва пешравӣ арзёбӣ мегардад. Дар робита ба муҳиммият ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори ҷиддӣ дода, ҳамеша зимни суханрониҳо ва ироаи Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ дар робита ба ин мавзуъ таъкидҳои ҷиддӣ менамоянд. Тавре дар яке аз баромадҳо иброз доштаанд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем”. Дарвоқеъ, бо тақозои замон, имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад. Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд. Ҷомеашиносон ба он хулосае омадаанд, ки на танҳо технологияи информатсионӣ, балки аксарияти маълумот ва адабиёти зарурии замони муосирро бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас кардан мумкин аст. Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ низ масъалаи мазкурро ёдовар шуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ҳисобида, таъкид доштанд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорем, ки имрӯз ҷиҳати омӯзонидани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити басо мусоид фароҳам оварда шуда, курсантони Академия ба таълиму тадрис, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар кафедраи забонҳои Академияи ВКД маҳфили илмии курсантон “Забондон” фаъолият менамояд, ки дар он дарсҳои иловагӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, курсантон - хоҳишмандони омӯзиши забонҳо ба он ҷалб карда мешаванд. Ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД бо дарки амиқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар робита ба омӯзишу сайқал додани донишҳо ва малакаҳои касбӣ нисбат ба худ ва шогирдон серталаб буда, пайваста бар он мекӯшанд, ки роҳнамоиҳои Пешвои маҳбуби кишварро сармашқи кори худ қарор диҳанд ва дар таълиму тарбияи мутахассисони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. Баргузор намудани чорабинии бошукуҳ- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Муҳиммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷомеаи муосир” дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимон шаҳодати гуфтаҳои болост. Конференсия бо ҷалби олимони шинохтаи кишвар баргузор гардида, олимон Шарипов Амриддин Нуриддинович-мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДМТ, номзади илми таърих, дотсент дар мавзуи “Нақши забонҳои хориҷӣ дар пешбурди дипломатия”, Наҷмиддинов Акбаршо –мудири кафедраи мутолиоти аврупоии ДМТ, номзади илми филология, дотсент дар мавзуи “Тарҷума ва дарки мазмун дар шароити бисёрфарҳангӣ”, Гадоев Каримҷон –сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон (ДБЗХТ) ба номи С.Улуғзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент дар мавзуи “Аҳамияти забондонӣ дар замони муосир ва принсипҳои муҳим ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, Комилов Мирато – мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, номзади илми филология, дотсент дар мавзуи “Нақши донистани забонҳои хориҷӣ дар ҷомеаи муосир” суханронӣ намуданд. Омӯзгорон , шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД дар ин ҳамоиши илмӣ иштирок намуда ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки чунин чорабиниҳо дар доираи забономӯзӣ дар Академияи ВКД идома дорад. Зеро забондонӣ-ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад. Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеҷ гоҳ дар ягон маврид дар намемонад. Ба қавли Гёте шахсе, ки ду забони хориҷиро медонад вай арзиши ду инсонро дорад.
Азиза Давлатшозода
полковники милитсия