Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зеҳни сунъӣ: таърих, рушд, масоил ва дурнамои он

1805(Дар ҳошияи эълони солҳои 2025-2030, солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия)
Дар шароити муосири ҷаҳонишавии илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ босуръати кайҳонӣ пеш меравад. Имрӯз тамоми фаъолияти соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз тавассути технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ рушд менамоянд. 1806Дар назди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи он вазифаҳои нав гузошта шуда, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: 1807«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд»(Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 [ Захираи электронӣ ] // Манбаи дастрасӣ :http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.12.2024).
1808Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба тавсиб расиданд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 06.08.2001;
- Қонуни ҶумхурииТоҷикистон «Дар бораи иттиллоот» аз 10.05.2002;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ» аз 02.12.2002;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30.07. 2007;
- Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ФОҶ» аз 15.03.2011;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» 03.12.2012;
- Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19.03.2013;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.06.2014;
- Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003;
- Консепсияи сиёсати давлатии иттлоотии ҶумҳурииТоҷикистон аз 30.04.2008.
30 - юми апрели соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7-ноябри соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ибораи дигар доктринаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам меноманд. Ин имконият медиҳад, ки натанҳо иқтисоди кишвар рушд намояд, балки заминаҳои гузариш ба Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон гузошта шаванд. “Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ", инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад”, - қайд намуданд, Президенти кишвар дар суханронии худ дар паради ҳарбӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ 22.02.2024 (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 - феврали соли 2025 // Рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа», №8(822),27 феврали соли 2025) .
Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологиҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ (ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда, коркард мегардад. Зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор меравад. Он ҷаҳони моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар месозад. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои "фикр кардан" ва "омӯхтан" аст. Аслан, зеҳни ба кам кардани қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, кор бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад. Ба забони русӣ онро “искусственный интеллект” ва ба забони англисӣ “аrtificial intelligence” меноманд. Онро ба ибораи дигар “инсон дар дохили компютер” низ меноманд.
Бояд тазаккур дод, ки заминаҳои пайдоиши таърихи зеҳни сунъӣ ба ихтирои мошинаҳои ҳисоббарори электронӣ (МЭҲ), яъне аввалин компютерҳо вобастагии зич дошт. Дар замони муосири тараққиёти илму техника технологияҳои инноватсионӣ, инкишофи босуръати ҷомеа нақши иттилоот рӯз аз рӯз меафзояд. Иттилоот, нишондиҳандаи муҳим ва асосии пешрафти ҷамъият ба шумор меравад. Иттилоот ҳама вақт ба фоидаи ҷамъият хизмат карда, дар намуди техникаю технология ҳамчун барандаи шакли махсуси фарҳанги техникӣ баромад намуда, дониш, таҷриба ва муоширати одамонро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ бой мегардонад. Назарияи иттилоот ҳамчун математикаи миқдорӣ ба вуҷуд омадааст. Асосгузори вай муҳандис ва математики америкоӣ Клод Шеннон (1916-2001) мебошад, ки аввалин бор ҷанбаи миқдории иттилоотро пешниҳод кардааст. Аввалин компютер ё худ мошинаҳои ҳисоббарори электронӣ (МЭҲ) соли 1946 дар ИМА ихтироъ гашт, ки он ENIAC ном дошт. Заминаи ихтирои онро олимони америкоӣ Ҷон Моучли ва Ҷон Эккарт соли 1942 гузошта буданд, лекин асосгузори аввалин компютер муҳаққиқи англис Чарлз Бебиҷро меномиданд. Бояд тазаккур дод, ки таҳқиқотҳо дар соҳаи компютер дар ИМА ва Олмон пайваста гузаронида мешуданд. Соли 1938 олими немис Стузе МЭҲ-ро бо барномаи ZI ихтироъ намуд, ки он пурра ба таври механикӣ буда, дар майдони чор километри квадратӣ ҷойгир шуда буд. Ин мошина чунин иқтидор дошт, ки ҳосили зарбро дар панҷ сония иҷро менамуд. Мутаасифона ҳангоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945), ҳангоми бомбаборон кардани шаҳри Берлин мошинаи Стузе нест карда шуд. Соли 1939 физики америкоӣ Ҷон Атанасов консепсияи нави МЭҲ-ро пешниҳод кард. Дар ҳамин сол аз ҷониби Э.Берри аввалин компютери электронӣ бо номи ABC ихтироъ гардид, лекин ин лоиҳа пурра ба анҷом нарасид. Соли 1973 дар Суди округи Миннаполиси ИМА мурофиаи судӣ баргузор гардид, ки дар он исбот гардид, ки ибтидои ихтирои компютер ба лоиҳаҳои Ҷон Моучли ва Ҷон Атанасов вобаста мебошанд. Дар баробари ин ҳамин хел таҳқиқотҳо дар Британияи Кабир низ гузаронида мешуданд, ки ба он математики англис Алан Тюринг роҳбарӣ мекард. Лоиҳаи ихтироъкардаи ӯро «Мошинаи Тюринг» меномиданд. Бояд тазаккур дод, ки маҳз Алан Тюринг асосгузори зеҳни сунъӣ мебошад. Вай дар бисту чорсолагиаш ин таҳқиқотро ба анҷом расонд. Алан Тюринг яке аз асосгузори зеҳни сунъӣ буда, рамзи махфии мошинаи рамзикунонидаи немисии «Эннигма» - дар солҳои ҷанги дуюмиҷаҳонӣ (1939-1945) кушодааст, ки мавқеи стратегии Британияи Кабирро дар амалиётҳои ҷангӣ афзалият бахшид (Алан Тьюринг: жизнь, вклад в науку и расшифровка «Энигмы» [Электронный ресурс] // Режим доступа: https://blog.skillfactory.ru (дата обращения :26.02.2024).
Дар Россия низ чунин таҳқиқотҳо аз ҷониби олимон Башир Рамеев ва Исаак Брук гузаронида мешуданд. Онҳо моҳи декабри соли 1951 МЭҲ –и худро бо номи «М-1» ихтироъ карданд. Соли 1948 Сергей Лебедев таҳқиқотро идома дода, МЭҲ-ро дар майдони 60 метри квадратӣ ҷойгир намуд, ки дар он 6000 лампаи электронӣ истфода шуд, ин мошина дар як сония то панҷоҳ амалиётро иҷро мекард. Дар замони Шуравӣ академики Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) Поспелов Г.С. навишта буд: «Ба таври оммавӣ ворид намудни мошинаҳои электорнии ҳисоббарор ва роботҳо дар хоҷагии халқ, низоми идоракунӣ, раванди лоиҳакашӣ ва сохтори низоми нави техникӣ зеҳни сунъиро дар мадди аввал гузошта, ба бунёди системаи индустрияи интеллектулӣ оварда расонид» (Поспелов Г.С.Искусственный интиллект - основа информациоонной технологии. М.: Наука,1988. - С.12). Дар ин ҷода олимони Шуравӣ аз қабили Клешёва А.С., Лозовский В.С., Микулин Л.И., Наринян А.С., Осипов Г.С., Попов Э.В., Тигу Э.Х., Фина В.К. ва дигарон саҳм бузург гузоштанд.
Ба истеҳсоли пурраи компютерҳо соли 1982 шуруъ намуданд, ки онҳо ҳамчун компютери шахсӣ (персоналӣ) ном гирифтанд. Соли 1971 ширкати INTEL микропротсессори навро ихтироъ кард, ки дусад доллари америкоӣ нарх дошта, дар як сония 60000 амалиётро иҷро мекард. Ин заминаи минбаъдаи истеҳсоли васеи компютерҳо гардид. Соли 1981 ширкати IBM модели РС 5150 – ро ихтироъ карда, ба фурӯш баровард, ки хотираи он шасту чор килобайт буд. Баъдан ширкати APPIE аз соли 1977 ба истеҳсол ва фурӯши компютерҳо шурӯъ намуд. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин компютер бо номи «Агат» дар асоси микропротсессори APPIE ихтироъ шуд. Маҳз, пайдоиши компютерҳо ба рушди зеҳни сунъӣ роҳ кушоданд. Ба он таҳқиқоти математик в криптогарфи англис Алан Тюринг (1912-1954) - бо номи «Бозии интеллектуалии шоҳмот» асос гузошт. Соли 1956 дар Коллеҷи Дармути ИМА муҳаққиқи америкоӣ Ҷон Маккарти (1927 - 2011) дар конференсия бахшида ба механикунонии интеллект аввалин шуда, истилоҳи «зеҳни сунъи» - ро истифода намуд. Соли 1958 барномасозии зеҳни сунъӣ бо номи «Лисп» пешниҳод гашт. Ин барнома дорои хусусиятҳои зерин буд:
- шакли синтаксиси ягонаи сабти барнома ва маълумотҳо;
- нигаҳдории автоматии идоракунӣ;
- системаи макросов, «конструксияи забонӣ»;
- сохтори пурқуввати маълумотҳо;
- барномасозии функсионалӣ.
Муаллифи ин забони зеҳни сунъӣ бо номи «Лисп» муҳаққиқи ИМА Ҷон Маккарти буд. Муҳаққиқони зеҳни сунъӣ чунин мешуморанд, ки ин барнома кӯҳна шудааст, вале дар бисёр барномасозии саноатӣ ҳоло ҳам аз он истифода мебаранд. Дар охири солҳои 50-уми асри ХХ рақобати технологии байни Иттиҳоди Шуравӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка авҷ мегирад. Доираҳои ҳарбию сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ба он водор менамояд, ки лоиҳаи шабакаи умумиҷаҳонии Интернетро таҳрезӣ намуда, Агентии тадқиқотҳои пешқадамии Вазорати мудофиаи ИМА - ро соли 1958 (машҳур бо номи ARPA) - ро таъсис диҳанд. Метавон гуфт, ки ин оғози бунёди Интернет буд. 1-январи соли 1983 протоколи табодули маълумот – ТСР/Р қабул гардид, ки ин рӯзи таваллуди Интернет ба шумор меравад. Худи мафҳуми Интернет «Шабакаи шабакаҳо» мебошад. То миёнаи солҳои 1990 Интернет танҳо дар доираҳои академикӣ ва ҳарбӣ маълум буд, ки ташкилотҳои ҳарбӣ ва илмиро бо ҳам пайваст менамуд, ки аз он асосан олимони физика ба таври васеъ истифода мекарданд. Соли 1994 истифодаи Интернет бо бунёди брузери нав – Netscape Navigator маълум гашт. Ҳоло истифодабарони Интернет дар ҷаҳон аз 5,56 миллиард одамон мебошад. Аз ҳама зиёд Интернетро дар Хитой 1,05 миллард одамон истифода мебаранд. То соли 2029 истфодабарандагони Интернет дар ҷаҳон ба 7,32 миллиард мерасад,75,50% муомилоти тиҷоратӣ тавассути Интернет амалӣ мегардад, 62,6% аҳолӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ба ҳисоби миёна одамон ҳар рӯз дар Интернет 6 соату 35 дақиқа вақт сарф менамоянд. Зеҳни сунъӣ бо Интерет пайваст мебошад.
Зеҳни сунъӣ - ин на олот ва на барнома, балки самти алоҳидаи илмҳои компютерӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ алгоритмро истифода мебарад, ки хаҷми калони маълумотро коркард намуда, қонуниятҳои онро ошкор менамояд, Дар асоси ин қонуниятҳо хулосаҳо бароварда шуда, ҳодисаҳо пешгӯӣ карда шуда, қарорҳо қабул мегарданд. Фаъолияти зеҳни сунъӣ ба шабакаҳои нейронии комютерҳо (нейросет) вобастааст. Шабакаи нейронӣ ин роҳ ба сӯи зеҳни сунъӣ мебошад. Соли 1943 нейропсихолог ва кибернетик Уоррен Маккалок, олими мантиқшинос Уолтер Питсс аз ИМА таҳлили нейронҳои сунъиро гузаронида, нишон доданд, ки инҳо амалҳои мантиқиро иҷро карда метавонанд. Соли 1951 Марвин Ли Минский ва Дин Эдмондс аз ИМА аввалин мошинаи шабакаи нейронии SNARC – ро сохтанд, ки чун ҳисобкунаки нейронӣ кор мекардва лоиҳаи Раёсати таҳқиқи ҳарбӣ - баҳрии ба шумор мерафт. Соли 1956 аввалин барномаеро сохтанд, ки қобилияти тақлиди тафаккури инсониро дошт. Барномаи коркарди рамзии итилоот қадами нахустин Соли 1958 аз ҷониби психолог ва мутахассиси зеҳни сунъӣ шабакаи нейронӣ пешниҳод шуд. Олими америкоӣ Френк Розенблат чунин мешуморд, ки шабакаи нейрониро аз зеҳни сунъӣ фарқ кардан лозим аст. Шабакаи нейронӣ - ин модели математикии доираи сохтор ва функсия бо принсипи биологии хуҷайраҳои оргназими зинда монанд аст. Шабакаи нейронӣ - ин яке аз муносибатҳо барои бунёди зеҳни сунъӣ аст. Зеҳни сунъӣ ин соҳаи нави таҳқиқот мебошад. Барои кор бо шабакаи нейронӣ олим будан зарур нест, таҳо касби муҳандиси таълими мошинаҳоро сохиб гаштан кифоя аст. ChatGPT - ин олотести зеҳни сунъӣ аст, ки худаш матн менависад. Ин олоти зеҳниро ширкати америкоии OpenAI коркард намудааст. Олимони америкоӣ Ҷон Фон Нейман ва Ноберт Винер ҳамчун асосгузорони илми кибернетика ва назарияи зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбанд. Соли 1965 олими америкоӣ Герберт Сайман пешгӯӣ намуд, ки дар давоми 20 – соли охир мошинаҳо тамоми он корҳое, ки одамон қобилият доранд, иҷро менамоянд. Соли 1965 якумин роботи ёрдамчӣ бо номи Элиза ихтироъ гардид, ки бо забони англисӣ гап мезад. Дар солҳои 70-уми асри 20 Вазорати мудофиаи ИМА лоиҳаи маҷозии харитаҳои кӯчаҳоро ба моннди GPS коркард намуд. Соли 1969 дар Донишгоҳи Стэнфорд роботро бо зеҳни сунъӣ бо номи Шейки ихтироъ намуданд, ки мустақилона ҳаракат мекард, маълумотхоро дарк менамуд, вазифаҳои начандон мураккабро иҷро менамуд. Соли 1997 барномаи маълуми шоҳмотбозӣ «Дип Блю» сохта шуд, ки шоҳмотбози машҳр Гарри Каспаров бо он бозӣ намуд. Соли 1989 бошад барномаи дигари зехни сунъӣ Deep Thought гроссмейстери байналмилалӣ Бент Ланерсро дар бозӣ бурида. ҳамин тавр зеҳни сунъӣ аз тафаккури инсон пеш рафт. Олими англис С.Ҷ.Рассел лоиҳаи шуури мошинаро пешниҳод кард, ки баҳси фалсафии ақл ва тафаккурро дар доираҳои илмӣ ба миён овард. Аз рӯи ақидаи криптологи англис И.Ҷ.Гуд такмили зеҳни сунъӣ дар оянда ба «Таркиши зеҳнӣ» оварда мерасонад. Математик ва нависандаи америкоӣ В.С.Винҷ онро «сингуляри технологӣ» номид, ки мошинаҳо метавонанд, ки аз идоракунӣ берун бароянд. Ба ақидаи ихтироъгари америкоӣ Рэй Куртсвейл ин ҳолат метавонад, ки соли 2045 ба амал ояд. Ба ақидаи мутахассисони америкоӣ Х.П.Мораветс, Р. Куртсвейл ва муаллифии лоиҳаи киборг, олими англис К. Уорвик дар оянда одамон бо мошинаҳо ҳамчун киборг (организми биологӣ, ки аз воситаҳои электронӣ иборат аст) бо ҳам муттаҳид мешаванд, ки ин идея трансгуманизм ном гирифт. Трансгуманизм - ин консепсияи фалсафӣ ва ҳаркати байналмилалӣ буда, ҳадафи он истифодаи дастоврдҳои илм барои беҳбудии имкониятҳои фикрӣ ва ҷисмонии одамон равон гардидааст.
Зеҳни сунъӣ – ин соҳаи илми компютерӣ буда, ба бунёд ва амалигардонии система ва вазифаҳо бо талаботи зеҳни инсонӣ тавассути мошинаҳо равона гардидааст. Дар илми зехни сунъи ду навъи асосии системаҳо вуҷуд доранд:
1. Зеҳни сунъии маҳдуд (Narrow AI): Ин системаҳо барои иҷрои як ё чанд вазифаи мушаххас тарҳрезӣ шудаанд. Масалан, ёрдамчиёни рақамӣ (мисли Siri ё Google Assistant) метавонанд саволҳоро фаҳманд ва ҷавоб диҳанд, аммо вазифаҳои берун аз доираи барномасозии худро иҷро карда наметавонанд.
2. Зеҳни сунъии умумӣ (General AI): Ин гуна зеҳни сунъӣ метавонад ҳамаи вазифаҳое, ки инсон иҷро мекунад, иҷро кунад ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо аз инсон бартарӣ дошта бошад. Вале чунин системаҳо ҳанӯз дар марҳилаи таҳқиқот қарор доранд.
Асоси кори зеҳни сунъӣ дар омӯзиши мошинӣ (Machine Learning) ва шабакаҳои нейронӣ (Neural Networks) мебошад. Омӯзиши мошинӣ усуле мебошад, ки система ба воситаи омӯзиш аз маълумотҳои мавҷуда қобилиятҳои худро такмил медиҳад.
Масалан:
1. Маълумот: Система бо истифода аз маҷмӯи бузурги маълумот (текст, тасвирҳо, садо ва ғайра) омӯзонида мешавад.
2.Омӯзиш: Бо истифода аз алгоритмҳои мураккаб, система муносибатҳоро меомӯзад ва қоидаҳои дохилии маълумотро мефаҳмад.
3. Такмили худ: Бо гузашти вақт система худ аз хатоҳо меомӯзад ва натиҷаҳои худро дақиқтар мекунад.
Шабакаҳои нейронӣ, ки ба кори мағзи инсон шабоҳат доранд, имкон медиҳанд, ки система маълумоти мураккабро таҳлил ва коркард кунад. Бояд зикр намуд, ки айни замон якчанд платформаҳое, ҳастанд, ки барои кор бо зеҳни сунъӣ мавҷуданд:
TensorFlow – ин платформаи кушодаасос барои омӯзишҳои мошинӣ истифода мегардад. Он дар соҳаҳои гуногун истифода мегардад. Аз он ҷумла, барои таҳияи барномаҳо оид ба ташхиси бемориҳо, баҳисобгирии хавфҳо ҳангоми пешниҳоди қарз ва ғайраҳо.
PyTorch – дар асоси забони барномасозии Python таҳия гардидааст. PyTorch низ барои шинохти чеҳра, объектҳо ва матн дар расмҳо, тарҷумаи матнҳо, таҳияи амсилаҳое, ки дар асоси таҷрибаи худ хулосабарорӣ менамоянд, пешбинӣ шудааст. Он низ ба мисли TensorFlow дар соҳаи тандурустӣ, молия, савдо ва ғайраҳо истифода мегардад.
Scikit-learn – низ дар асоси забони барномасозии Python таҳия шуда, одатан барои таҳлили маълумот ва таҳияи амсилаҳо истифода мегардад. Он асосан барои таҳлилҳои регрессионӣ, баҳодиҳии амсилаҳо ва дигар таҳлилҳои гуногун истифода мегардад.
Microsoft Azure Machine Learning – платформа барои таҳия ва омӯзиши амсилаҳои омӯзиши мошинӣ мебошад. Тавассути он инчунин амсилаҳоро идора менамоянд.
IBM Watson – аз ҷониби ширкати IBM таҳияшудааст. Он бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ масъалаҳои гуногунро ҳал менамояд. Аз он ҷумла, шинохти чеҳра, объект ва ғ., масъалаҳои гуногунро пешгӯйи намуда, таҳлилҳо низ мегузаронад. Он низ ба мисли TensorFlow, PyTorch дар соҳаҳои тандурустӣ, молия, савдо ва ғайра истифода мегардад.
Google Cloud AI – барои таҳия ва идораи амсилаҳои зеҳни сунъӣ дар хадамотҳои абрӣ пешбинӣ шудааст.
Amazon SageMaker – ин платформа барои таҳия ва омӯзиши мошинӣ дар Amazon Web Services пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро 29 - уми сентябр соли 2022 қабул кардааст. Ин Стратегия то соли 2040 - ро дар бар мегирад ва масъули иҷроиш Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Таҳлилгарони соҳа аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар барои қабул ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки акнун Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди рақамикунонии иқтисод мегузорад. Ҳоло дар Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ аллакай амал мекунанд. Яке аз онҳо «TajRupt» — нахустин лаборатория ё маркази зеҳни сунъӣ аст, ки дар Осиёи Марказӣ онро беназир медонанд. Гуфта мешавад, ки «TajRupt» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва иқдоми ҷавони тоҷик Азизҷон Азимӣ, ки хатмкардаи Донишгоҳи Гарварди Амрико мебошад, таъсис ёфтааст.
Дар доираи стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Точикистон аллакай кор оид ба ҷорӣ намудани технологияхои нав ба системаи таълимӣ огоз шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2025 дар 10 мактаби кишвар дарсҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ дар ҳолати озмоишӣ оғоз мешаванд.
«Ба таври мисол дар Чин мутахасисон робот прокурорро ихтироъ карданд, ки он қобилияти пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро дорад. Ба гуфтаи коршиносон ин робот бо ёрии зеҳни сунъӣ қобилияти муайян намудани ҷинояткорро бо дурустии 97% доро мебошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки имрӯз робот метавонад дараҷаи хавфнокии амали инсон нисбат ба ҷомеаро муайян намуда, нисбати ӯ ва ҳуқуқу озодиҳояш хулоса барорад. Шояд дар оянда ин қабил роботҳо барои танзим ва назорати рафтору амали инсонҳо истифода шаванд. Аммо ин аввалин роботест, ки дар як соҳаи калидии ҷомеа, ки функсияи назоратиро аз болои тамомои сохторҳои иҷтимои дорад, метавонад фаъолият намояд. Ин робот дар рафти пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ коркарди иттилоот оид ба 17 000 парвандаи ҷиноятӣ ва истифода аз онҳоро дорад. Қабл аз ин дар Чин дар телевизион робот барои анҷоми вазифаи хабарнигор истифода бурда шуд. Бартарияти истифодаи роботҳо дар ин соҳаҳо дар он аст, ки робот ҳангоми тафтиши парванда пора намегирад, инчунин аз ниёзҳои модди мисли хӯрок хӯрдан муназзаҳ аст. Ҳамчунин маош талаб наменамояд, ба тамаъҷӯйи роҳ намедиҳад, аз мансаби давлатӣ сӯистифода намекунад, дар раванди кор ба танафус эҳтиёҷ надорад, хаста намешавад ва дигар махсусиятҳоеро, ки роботро дар фаъолияти корӣ нисбат ба инсон бартар нишон медиҳад, доро мебошад. Аммо дар навбати дигар як қатор мушкилоти ҳалталаб дар ин самт боқӣ мемонад. Ҳамчунин лозим аст, то ба якчанд саволе, ки дар ҷараёни таҳлили раванди ташаккули технология ба миён меоянд, ҷавоб пайдо намуд. Оё роботҳое, ки фаъолияти онҳо бевосита ба ҳаёт ва озодии инсонҳо равона шудааст ва дар ин самт онҳо дар ростои ҳаёт, озодӣ ва саломатии инсонҳо тасмим мегиран, оё имкони хато кардан доранд? Ва агар ба иштибоҳ роҳ диҳанд кӣ ин иштибоҳи онҳоро ба ӯҳда хоҳад гирифт? Ва ё кӣ зарари расонидаи онҳоро ҷуброн хоҳад кард? Масалан, агар муфаттиш дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи бесалоҳиятӣ ва ё бепарвоӣ бидуни ҷой доштани асос ва далелҳои қонеъкунанда шахсро бегуноҳ маҳкум намояд, дар сурати ошкор гардидан нисбати ӯ чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Вале агар чунин як иштибоҳро робот прокурор анҷом диҳад, нисбати ӯ чӣ чора дида мешавад?» менависад, муҳаққиқ Нусратуллои Назариён ( Нусратуллои Назариён «Зеҳни сунъӣ ва таҳаввулот дар ҳаёти инсонӣ» [Захираи электоронӣ] //Манбаи дастрасӣ:avshanfikr.tj. (санаи муроҷиат:26.02.2024).
Соҳаҳои муосири зеҳни сунъӣ инҳо мебошанд:
- таълими мошинаҳо (алгоритмҳо; ML);
- коркарди забони табиӣ (NLP);
- биноӣ ё чашми компютерӣ;
- робототехника;
- моделҳои таълимии зеҳни сунъӣ.
Доираҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар шароити муосир инҳо мебошанд:
- ёрдамчии овозӣ (аз қабили Алиса ва ғайраҳо);
- системаҳои тавсиявӣ (таҳлили видео);
- шинохти образҳо;
- системаи автоматии нақлиёт (Яндекс - таксӣ ва ғайра);
- системаҳои таҳлили молиявӣ;
- тарҷумонҳо (Гугл, Яндекс);
- индустрияи бозиҳо;
- ташхиси табиӣ (дар тиб);
- робототехника;
- идоракунии давлатӣ;
- корҳои ҳарбӣ;
- таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо;
- истеҳсолоти саноатӣ;
- санъат, фарҳанг, матбуот;
- соҳаи алоқа;
- соҳибкорӣ ва савдо;
- иттилоот ва хабаррасонӣ;
- иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт;
- идоракунии захираҳои инсонӣ.
Бузургтарин марказҳои илми зеҳни сунъӣ дар ИМА, Олмон, Япония, Хитой, Россия ва Ҳиндустон мавҷуд мебошанд.
Дар баробари пешравиҳое, ки зеҳни сунъӣ ба инсоният пешниҳод менамояд, он дорои хавфҳои зерин мебошад:
- пайдоиши зеҳни сунъӣ ба ақли рақамӣ оварда мерасонад, ки дар оянда мошинаҳо метавонанд ба ҳаёти воқеии одамон дохил шаванд;
- зеҳни сунъӣ аз тафаккури инсон пеш меравад, айни ҳол дар соли 2025 аз рӯйи ақидаи Илон Маск зеҳни сунъӣ 10 - маротиба аз ақли инсон пеш рафтааст;
- зеҳни сунъӣ боиси бекорӣ дар сатҳи ҷаҳон мегардад;
- тавассути зеҳни сунъӣ иттилоот дуздида мешавад;
- тавассути зеҳни сунъӣ ҳуқуқҳои муаллифон поймол мегардад;
- зеҳни сунъӣ метавонад хулосаи нодуруст барорад, чунки вай мошина ҳаст.
Дар назди инсоният дар оянда барои танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ масъалаҳои зерин гузошта мешаванд:
1.Муқаррар кардани мавқеъ (статус) - и зеҳни сунъӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ.
2.Муқаррар кардани хатои зеҳни сунъӣ ва масъулияти он, яъне ба зиммаи кӣ гузошта мешавад: ба муаллифони шабакаи нейронӣ (нейросет) ё соҳибони мошинаҳо.
3.Шинохтани шабакаи нейронӣ (нейросет) ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ё шахси ҷисмонӣ?
4.Оё мутахассисон розианд, ки зеҳни сунъӣ ҳуқуқҳои инсониро гирад?
Дар асоси таҳлилҳои омори ҷаҳонӣ зеҳни сунъӣ ба пешрафти иктисодӣ мусоидат мекунад, аз ҷумла нишондоди солонаи рушди иқтисодӣ 20 % афзуда, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ меафзояд. Дар тули 25 сол илм пеш рафта, муносибати нави эҷодӣ байни мошинаҳо ва инсонҳо ба вуҷуд меояд.
Аз рӯи пешгӯиҳои Рэймонд Курствейл то соли 2029 зеҳни сунъӣ тести Тюринро гузашта, онро аз шуури инсонӣ фарқ карда намешавад. Тести Тюринг соли 1950 аз ҷониби Алан Тюринг барои фарқ кардани зеҳни сунъӣ аз шуури одам пешниҳод гашта буд. Дар баробари ин дар шароити муосир яке аз масоили мураккаб ин таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад, чунки фарқияти байни зеҳни сунъӣ аз ақли инсон хеле душвор мегардад. Ҳоло таҳқиқот нишон дод, ки 40 % одамон зеҳни сунъиро аз зеҳни одамӣ фарқ карда наметавонанд. Пешгӯи мешавад, ки зеҳни сунъӣ Интернетро иваз менамояд. Ин ақидаро асосгузори Институти таҳқиқоти зеҳнии мошинаҳо Элиезер Юдковский пешниҳод намудааст (Вениамин Лыков. «Все умрут, влючая детей» Как искусственный интиллект заменит Интернет и почему этого боится даже Илон Маск [Электронный ресурс] // Режим доступа: lenta.ru›articles/2023/04/06/evilgpt/(дата обращения 05.03.2025).Ба ин пайдоиши зеҳни сунъии пурқувват ва шабакаи нави нейронии баъди аз GPT-4 сабаб шуда метавонад. Аз рӯи ин ақида GPT тез инкишоф ёфта, метавонад ба дасти бадхоҳон гузарад ё шабакаи нейронӣ барномаҳои химоятиро рахна карда, ба ҳуҷуми киберӣ гузаштанашон мумкин аст, ки боиси хатари бузург мегардад. Ҷамъияти хакерҳои ҷаҳон аз 14 - иттиҳодияи махфӣ иборат мебошанд. Шумораи онҳо дар Россия аз рӯи маълумоти Лабараторияи Касперский дар соли 2018 то 900 - нафарро ташкил медоданд. Аз ҳама зиёд онҳо ба соҳаи молия таҳдид менамоянд. Илова бар ин махфияти маълумотҳои шахсӣ вайрон мегардад. Аллакай истифода чат-ботҳо дар Италия, Олмон Франтсия, Ирландия маҳдуд гардонида шуданд. Ақида пешниҳод шудааст, ки зеҳни сунъӣ Интернети худро месозад.
Махсусан дастрасии кушод ва истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ хатари бузург дорад, чунки исботи хавфҳои зеҳни сунъӣ хеле кам аст. Моҳи ноябри соли 2023 дар Британияи Кабир, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Хитой, ҳамагӣ 28 давлатҳои ҷаҳон Эъломияи хатари зеҳни сунъиро бо номи «Эъломияи Блетчли» қабул намуданд.
Дар сегонаи мутахассисони машҳури зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ инҳо шинохта шудаанд:
1.Элли К.Миллер – соҳибкорзан, мушовир, сармоягузори зеҳни сунъӣ дар ширкати бузурги Амазон.
2.Эндрю НГ – мутахассиси барҷастаи зеҳни сунъӣ, асосгузор ва директори генералии ширкати Deeplearning ва Landing AI, профессори факултети илмҳои компютерии Донишгоҳи Стэнфорд, муаллифи 200 - корҳои таҳқиқотӣ оид ба зеҳни сунъӣ.
3.Бернард Марр – нотиқ, муҳаққиқи зеҳни сунъӣ, мушовири масъалаҳои стратегии бизнес ва технология дар ташкилотҳои ҳукуматӣ ва тиҷоратӣ.
Дар шароити муосир ширкатҳои Хитой ва Ҳиндустон 60 % аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд, дар Канада 28 %, дар Британияи Кабир 26 %, дар ИМА 25 %, дар Австралия 24% аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Дар дурнамо то соли 2027 80 % амалиёти савдо ба воситаи зеҳни сунъӣ мегузаранд. То соли 2030 аз се як ҳиссаи ҷойҳои кори автоматӣ мегарданд. Дар ИМА то соли 2030 ҳафтоду се миллион одамон ва дар Ҳиндустон яксаду бист миллион одамон бекор мемонанд. Рушди зеҳни сунъӣ касбҳои муҳосиб, маъмури корхона ва хизматчиро зери хатар мемонад. То соли 2044 2030 (ду ҳазору сӣ) фоиз ҷойҳои корӣ автоматӣ мегардад, ки боиси бекорӣ умумиҷаҳонӣ мегардад.
Давлатҳои пешқадам дар соҳаи зеҳни сунъӣ инҳо мебошанд:
1.ИМА
2.Иттиҳоди Аврупо
3.Хитой
4.Исроил
5.Британияи Кабир.
Россия дар ҷои 29 қарор дорад. Аз ҳама зиёд фоидаро аз зеҳни сунъӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой ба даст меорад, аз ҷумла қарор қабул шудааст, ки дар Хитой дар ояндаи наздик афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби истифодаи зеҳни сунъӣ 26 % афзоиш дода шавад.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ боиси пешрафти иқтисодӣ гардида, дар баробари ин омодасозии кадрҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҷустани роҳҳои хавфи онро тақозо менамояд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон аз 28-ми деабри соли 2024 дастур доданд: «Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои марбута дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд» (Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 [ Захираи электронӣ ] // Манбаи дастрасӣ :http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.12.2024).
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Ташрифзода Ф.Қ., дотсенти кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияхои рақамии факултети №5, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э., дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...