Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Пешвои миллат

1810Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ - принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаб¬бат, садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад.
Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъи¬ят пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фар¬ҳан-ги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиат¬ҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлат¬ҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Ватандӯстӣ марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар намудааст. Тарбияи ватандӯстии наврасон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, ташклотҳои ҷамъиятӣ, АМИТ-ро ташкил менамояд. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки муҳаббати волидайн дар ташаккули ин хислатҳо хеле зарур аст, ин функсияро ягон тарбияи ҷамъиятӣ иваз карда наметавонад. Дар шароити ҳозира педагогикаи волидайн аз ҷониби олимон коркард карда шуда истодааст.
Давраи навҷавонӣ аз наврасӣ комилан фарқ менамояд. Наврас пурра аз ҷиҳати ҷисмонӣ ташаккул меёбад, қаду басташ баланд ва мустаҳкам мегардад. Агар бо варзиш машғул шавад, пас боз ҳам қавитар зебоандом мегардад. Ин имкон медиҳад, ки вай аз уҳдаи корҳои вазнинтари ҷисмонӣ ва фикрӣ барояд. Навҷавон ба қувва ва бозуи худ такя карда метавонад. Мустақилиятро дар худ ташаккул медиҳад. Аз рӯйи ақидаҳои муҳаққиқони немис Штолс Х., Рудолф Р. ”Одатҳои ахлоқӣ асосан дар давраи навҷавонӣ дар муносибат бо меҳнат, таълим, корхона, мактаб, ҷомеа ташаккул ёфта, хоҳиш ва кӯшиши ӯро фаъол мегардонанд”. Инсон метавонад, ки аз уҳдаи корҳои зиёд барояд барои ин вай бояд мунтазам аз болои худ кор намояд, бештар ба худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ машғул шавад, ин маҳз дар давраи навҷавонӣ ташаккул меёбад. Рафтори боадабона бояд меъёри асосии рафтори навҷавонон гардад. “Дар баробари ин ҳар як навҷавон бояд фаҳмад, ки маҳз оила ҳамчун системаи таърихии мушаххас, муносибати байни аъзоёни он, дар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ маҳсуб меёбад” - менавсад, Ковалев С.В. Тасавуротҳо дар бораи оила аллакай дар синни наврасӣ ташаккул ёфта, дар давраи навҷавони онҳо пурра мегарданд. Барои ҳамин дар муассисаҳои таълими умумӣ омӯзиши фанни “Маърифати оиладорӣ” ба роҳ монда шудааст, ки асосҳои этика ва психологияи оиларо дар бар мегиранд. Дар бораи зарурияти омӯзиши он психолог Дубровский И.В. фикру ақидаҳо баён намудааст, ки бо ин роҳ навҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, меҳнатӣ, таълимӣ, фароғатӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи ахлоқии онҳо баланд мегардад. Дар байни халқ чунин ақида ҳаст, ки ҳамаи мо аз оила пайдо шудаем. Бинобар оила ҳамеша институти асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар ташаккули инсон нақши асосӣ ва муҳим мебозад, аз рӯйи ақидаи психолог Лейтес Н.С. дар давраи синну соли калони мактабӣ фаъолнокии навҷавонон авҷ мегирад, ки қобилиятҳои минбаъдаи онҳоро инкишоф медиҳад. Ташаккули чунин хислатҳои ахлоқӣ, аз қабили хайрхоҳӣ, меҳрубонӣ, дилкушодӣ, саховатмандӣ, садоқат, боварӣ, хоксорӣ, ҳамдардӣ, тоқатфарсоӣ, серталабӣ, эҳтироми калонсолон, инсондӯстӣ, бомулоҳизагӣ низ бештар дар давраи навҷавонӣ дар муҳити оилавӣ ва ҷомеа ташаккул меёбанд. Дар натиҷаи тарбияи нодуруст дар муҳити оилавӣ, ташаккули хусусиятҳои бадрафтории шахсӣ ташаккул меёбад, ки ҳамчун ҳолати махсуси психологӣ маънидод мегардад, он агар пешгирӣ карда нашавад, метавонад ба оқибатҳои вазнини рӯҳию системаи асаби навҷавонӣ оварда мерасонад.Дар моддаи 1. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 № 52 чунин омадааст: «ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад»
Давраи ҷавонӣ аз давраи наврасӣ хеле ҳам фарқ менамояд. Аз нигоҳи ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқӣ нисбатан инкишофёфта маҳсуб меёбад. Ҷавон аллакай аз уҳдаи иҷрои мустақилонаи фаъолияти гуногун баромада метавонад. Ӯ мухториятро талаб менамояд. Лекин волидайн бояд ба ин қаноатманд нашуда, дар тарбияи шахсии ҷавон бояд саҳми арзандаи худро гузоранд. Мустақилияти онҳоро дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ санҷидан мумкин аст. Агар дар синни ҷавонӣ шахс ба меҳнат кардан майл пайдо накунад, пас дар минбаъда ба ӯ мушкил мегардад. Дар вай коҳилию танбалӣ пайдо шуда, ба инкишофи ахлоқии минбаъдаи вай монеа эҷод менамояд. Барои ҷавон тамоми роҳҳо кушода аст, фақат бояд вай шахсан хулоса бароварда, пайраҳаи худро дар ҳаёт интихоб намояд. Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар - Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ бояд донанд. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Вобаста ба ин «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027»-ро қабул гардидааст. «Дар ҳамин замина, барои тарбияи шоистаи ҷавонон бояд ба пайдарҳамии марҳилаҳои ин раванд аҳаммият дод. Ин нуқта дар Консепсияи миллии тарбия низ дарҷ гардидааст.
Ба таъкиди мутахассисон, панҷ марҳилаи зерини тарбия вуҷуд дорад:
– марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Дар ин марҳила фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомӯзанд, аз мафҳумҳои нахустини деҳа, ноҳия, шаҳр, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд;
– марҳилаи дувуми тарбия дар муассисаҳои томактабӣ идома ёфта, мураббиён дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд;
– марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад;
– марҳилаи чаҳоруми тарбия ба тайёрии касбии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад».
Тарбия аз муҳити оилавӣ оғоз гардида, ба тарзи дурусти фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ тайёрии касбии ҷавонон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки волидайн нисбати ҷавонон бетараф бошанд. Гарчанде, ки ҷавонон ба касбу ҳунарҳои гуногун машғул мешаванд, лекин боз ба муҳити оилавӣ бармегарданд. «Омилҳои таъсиррасон ба шахс аз кӯдакӣ то ҷавонӣ ба андешаи мутахассисон инҳо ба 3-гурӯҳ ҷудо мешаванд: якум ин муҳити хурди иҷтимоии оила, ки арзишҳои иҷтимоӣ ва зиддиятҳои ҷаҳони муосир иборат аст. Дуюм, ин муҳити берунаи оилавӣ, ки иҷтимоикунонии шахсро тарбия менамояд. Сеюм, тарбияи оилавӣ, ки бояд ба маҷмуи таъсири мақсадноки педагогӣ пайваст бошад» Ҷавонӣ – давраи болиғшавии фаъоли иҷтимоӣ, васеъшавии доира муносибатҳои байнишахсӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, дар давраи ҷавонӣ дӯстию рафоқат, ҳамдардӣ, дилбардорӣ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтироми дигарон дар муҳити оилавӣ ташаккул меёбад. Дар баробари ин дар муҳити оилавӣ ҳиссиёти худтарбиякунӣ ва муҳаббат ба атрофиён тарбия карда мешавад. Дар психологияи иҷтимоӣ намудҳои гуногуни муносибат, аз қабили ҳамкорӣ, афзалият, мусобиқа, рақобат дар доираҳои гуногун иборат аст, ки ҷавонон бояд ба он ҳаматарафа омода карда шаванд.
Вобаста ба тарбияи насли ҷавони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвр аз 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд: «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад».
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.Аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ маблағгузорӣ кардани фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, сохта ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ – мактабу донишгоҳҳо, инчунин, китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, иншооти варзиши ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ барои ҷавонон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.
Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд. Инчунин, ҷавонони мо бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагони халқамон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд, ҳамзамон барои бедор кардани шавқу завқи китобхонии наврасону ҷавонон ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат” яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат мебошад. Ҳамаи талошу заҳматҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва илмомӯзии ҷавонон равона гардида, барои мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида шароити хуби рушду инкишоф фароҳам оварда шудааст.Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ҷавононро зарур аст, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ва имкониятҳои конститутсионии худ босамар ва оқилона истифода намуда, тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъи мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайрат-мандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд ва баҳри ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Шоҳиён Шуҳрат, сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...