Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳурииявӣ бахшида ба таъсисёбии “Мақомоти тафтишоти пешакӣ - 6 апрел” дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири пешгирӣ, ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ. Роҳҳои асосии амалигардонии он” дар толори маҷлисгоҳи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Мутобиқи нақшаи корҳои илмӣ - тадқиқотии кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2024-2025, санаи 03 апрели соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи таъсисёбии “Мақомоти тафтишоти пешакӣ - 6 апрел”, дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири пешгирӣ, ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ. Роҳҳои асосии амалигардонии он” конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳурииявӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар кори конференсия муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии аманияти миллӣ, прокуратура, РАНМН назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин курсантон ва устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуданд.

20250407

Коференсияи илмӣ-амалиро сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генелар-майори милитсия Пирзода М.Қ., бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, муфассал доир ба пешравиҳо ва камбудиҳо дар фаъолияти ин ниҳод гуфта гузашт. Ӯ сухани худро давом дода иброз кард, ки маҳз муфаттишон бо банду басти кирдори содир карда машғул шуда ба шахси ҷиноят содир карда баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.  

20250407-02

Сипас аз рӯйи барномаи конференсия сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С., дар мавзуи “Шахси холис дар КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи ҳуқуқи ӯ” баромад карда фикру ақидаи хешро иброз кард.

20250407-03

 

Сипас прокурори калони шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Муҳиддинзода С., дар мавзуи “Тактикаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса” баромад намуд. Инчунин ба тариқи маҷози муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., Раҳматҷонзода Р.Р., доир ба мавзуи “Масъалаҳои мубрам ва дурнамои рушди қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда як қатор проблема ва роҳҳои ҳалли онро баён намуд. Кори конференсияро сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети№4., н.и.ҳ., майори милитсия Азимзода Ш. Ҷ., дар мавзуи “Мафҳум ва аҳамияти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” давом дода оид ба ин масъала вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта фикрашро баён кард. Вобаста ба ин мавзуъ байни иштирокчиён саволу ҷавоб карда ва фикру пешниҳодҳо шунида шуд.

20250407-04

 

Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети номбурда, н.и.ҳ., полковники милитсия Мирзоҳофизиён М. М., дар мавзӯи “Психологические аспекты раскрытие преступления” баромад карда баён намуд, ки ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтиши шахсони мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноят ҳатман ҳолати руҳӣ равонии ҳар як шахсро омӯхта бо он мушорат намоянд.

20250407-05

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р., дар мавзӯи “Таърих ва ташаккули мақомоти тафтишот”, баромад карда оиди дар кадом сохторҳо мақомот воҳиди кории муфаттиш таъсис ёфта буд, нақл кард. Баромади худро давом дода гуфт, ки мумкин дар ҷумҳурӣ оянда кумитаи тафтишот ташкил карда шавад.

20250407-06

 

Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсияи ДДҲБСТ Хонкелдиев М., дар мавзуи “Усулҳои пайдо кардани изу пайи ангуштон ва кафи даст”, дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣва такмили ихтисоси факултет, полковники милитсия Муҳиддинзода Х., дар мавзуи “Хулосаи экспертизаи судӣ-баллистикӣ ва аҳмияти он дар раванди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ” баромад намуданд.

Табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳамоҳанг сохтани донишҳои назариявӣ ва амалӣҳадафи ин чорабинӣ буд. Баргузории конфронси мазкур ба рӯзи таъсисёбии тафтишот дар сохтори ВКД рост омад.

Ёдрас менамоем, ки ҳуқуқи бурдани тафтишоти пешакиро мақомоти корҳои дохилӣҳанӯз 6-уми апрели соли 1963 соҳиб шуда буд. Фаъолияти ин ҷузъи мақомоти корҳои дохилӣ марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, торафт мақому манзалаташ баландтар ва имрӯзҳо ба яке аз ниҳодҳои меҳварии Вазорати корҳои дохилӣ мубаддал гардида соҳиби имтиёзу ваколатҳои махсус мебошад.

Ба баромадкунандагон муфаттишон ва дигар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ саволҳо дода ба онҳо посух гирифтанд. Аз натиҷаи конференсия қатънома омода карда шуда барои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд.

20250407-07

 

Баромадҳо ҷолибу хотирмон буд ва бо слайду айёниятҳо пешкаши ҳозирин гардид. Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи донишҳои назариявии амалии кормандони кӯмак хоҳад кард.

Муаллими кафедраи ҳуқуқи

ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети

№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон,

капитани милитсия                                                     Зарифзода Б.

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...