Корнамоиҳои фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд.
Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод.
Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳозор ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монда аз байни ин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Бо оғоз шудани ҷанг, Тоҷикистон ба сафарбаркунии ҷавонон барои ҳифзи Ватан шурӯъ кард. Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба – иди расмии ИҶШС эълон гардид ва то ҳол ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад.
Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.
Рӯзи Ғалаба - Иди Ғалабаи халқҳои ИҶШС аз болои фашизми миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад.
Рӯзи 9-уми май - Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиёти ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанӯз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд. Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои ин давр ба монанди Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳар се дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советист. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.
Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Чунончӣ, Аҳмад Турдиевӣ тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шӯравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» — и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.
Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалиётҳои қиркунандаи «Фоке — Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5-7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаеви қистакӯзӣ бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд. Вай бо яроқи танкзан якчанд мошинҳои душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Собиқ колхозчии ба номи К.Маркси ноҳияи Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба, 8-10 июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, вале майдони ҷангро тарк накард. Корнамоии ӯ низ бо номи пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» – и ноҳияи Ашт, Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
Дар муҳорибаи назди Ленинград инчунин разведкачӣ Иван Симакови душанбегӣ қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, соҳиби ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардидааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз чумлаи фиристодагони Тоҷикистон, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст, афсарони хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С.М. Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Тоҷикистон қариб дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ мардонагӣ нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми Шӯравӣ бар фашистон ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои қурбониёни ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва ақибгоҳи он ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои Тоҷикистон як санҷиши ҷиддӣ буд. Мардуми тоҷик, новобаста ба душвориҳо, бо ҷасорату матонат дар ҷанг иштирок карданд ва бо тамоми имконоти худ ба таъмини ғалаба кӯмак расонданд. Қаҳраамонони тоҷик дар таърихи ҷанг ном бароварданд, ва кӯшишҳои мардуми Тоҷикистон дар пушти ҷабҳа низ нақши муҳиме доштанд.
Имрӯз, номи ин қаҳрамонон дар таърих боқӣ монда, дар Тоҷикистон муҷассамаҳо ва ёдгориҳои зиёде ба ифтихори иштирокчиёни ҷанг сохта шудаанд. Ин гузаштаи пуршараф барои наслҳои оянда дарси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Раҷабалиён А.Р., омӯзгори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.