Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихобот кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

1815Ҷомеаи муосир, ки ба пешрафт ва демократикунонӣ саъй мекунад, ба муносибати нав ба ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ ниёз дорад. Ин зарур аст, зеро иштироки васеи шаҳрвандон ягона роҳи таъмини манбаи аслии қудрат аст. 1816Ин равиш ба одамони дорои таҷриба ва ақидаҳои гуногун имкон медиҳад, ки дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзанд ва қабули қарорҳои гуногун ва намояндагиро таъмин кунанд. Ин ба фаҳмиши он асос ёфтааст, ки ҷалби бештари шаҳрвандон на танҳо ба демократия мусоидат мекунад, балки сифати идоракуниро бо назардошти доираи васеътари афкор ва таҷрибаҳо беҳтар менамояд. Дар қабули қарорҳо ҳар қадар бештар одамон иштирок кунанд, онҳо ба талаботи ҷамъият ҳамон қадар объективона ва ба таври қонеъкунанда муносибат мекунанд.
Ин ҳолат агар аз як тараф ба арсаи сиёсат шахсони пуртаҷрибаро орад, аз тарафи дигар имкон медиҳад, ки пурмаҳсулии идоракунии давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ва ғайраҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шавад.
Дар шароити ҳозира роҳҳои гуногуни ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ ва амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ фарқ карда мешавад. Аз қабили раъйпурсӣ, интихобот, плебисит, муҳокимаи умумихалқӣ, роҳпаймоиҳои осоишта ва ғайраҳо. Ҳар яке аз ин чорабиниҳои сиёсӣ дар раванди идоракунии давлатӣ мавқеи ба худ хосро дошта, ба ҳаёти сиёсии давлатӣ ба таври мухталиф таъсир мерасонанд. Аз ин ҷо дар асоси таҳлилҳои боло мавқеи интихоботро ба таври алоҳида қайд кардан мумкин аст. Мусаллам аст, ки интихобот яке аз воситахои фаъолтарини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ буда ба демократияи бевосита дохил мешавад, зеро тавассути он шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд он намояндагонеро интихоб кунанд, ки дар оянда онҳо аз номи халқ қарорҳои муфид қабул намоянд.
Интихобот бештар хислати фаъолро дошта, мафкураи сиёсии шаҳрвандонро инкишоф медиҳад ва дар назди онҳо вазифаҳои гуногуни сиёсии пурмасъулро оид ба ташкили мақомоти олии интихоботӣ мегузорад.
Дар асоси ин аломатҳои ба ҳам монанди низоми гуногуни интихоботӣ мо метавонем онҳоро ба гурӯҳҳои муайян гурӯҳбандӣ намоем, ки дар натиҷа низоми интихоботиро муқаррар кардан мумкин аст. Зеро интихоботи ошкорову озодона ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун барпо кардаи давлат воситаи асосии амалӣ гардонидани соҳибихтиёрии халқ мебошад . Аз ин ҷо бо он розӣ шудан мебояд, ки «муносибатҳои ҷамъиятии бо интихобот яке аз муносибатҳои муҳимтарини сиёсиву ҳуқуқист. Аз ин рӯ, онҳо дар низоми ҳуқуқи конститутсионӣ ҷои намоёнро ишғол менамоянд».
Вобаста ба ин муносибатҳои интихобот бо чандин падидаҳои конститутсионӣ - ҳуқуқӣ зич алоқаманд мебошанд. Пеш аз ҳама муносибатҳои интихобот қисми таркибии демократия, нишондиҳандаи равшани он мебошанд. Бинобар ин, ҳуқуқи интихобот яке аз ҳуқуқҳои муҳимми сиёсии шаҳрвандон буда, дар вазъи ҳуқуқии шахс ва шаҳрвандон мавқеи калон дорад.
Инчунин интихобот усули асосии интихоби сардори давлат ва мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Интихобот яке аз элементҳои демократия ба ҳисоб рафта, тавассути он мақомотҳои марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ интихоб карда мешавад. Ин мақомотҳо аз ҷониби шаҳрвандон тавассути овоздиҳӣ барои номзади пешниҳодгашта дар асоси қонун таъсис дода мешавад.
Интихобот дар ҳаёти сиёсии ҷомеа заминаи қавиро талаб дорад, ки ба сифати асосии он баромад менамояд. Асоси раванди интихоботро низоми сиёсию ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Дар таркиби низоми сиёсию ҳуқуқии раванди интихобот ба ҳисобгирии принсипҳо ва қоидаҳои махсус аҳамияти барҷаста пайдо карданд. Пеш аз ҳама раванди интихобот ба принсипҳои муайян такя менамояд ва онҳо, асосан арзишҳои гуманистианд.
Принсипҳои интихоботӣ дар ҳар кишвар гуногун ба назар мерасанд, аммо дар ҳамаҷо яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон – ҳуқуқи овоздиҳию интихобро собит месозад. Моҳиятан принсипҳои интихоботи озоду демократиро ба ду гуруҳ тақсим менамоянд. Гуруҳи аввалро принсипҳои демократии ҳуқуқи интихоботӣ ташкил медиҳанд. Яке аз онҳо ин принсипи умумият мебошад, ки мақоми ҳар як шаҳрвандро дар интихобот муайян менамояд. Онҳо муносибати махсус ва нигоҳи нав дар инкишофи ҷомеаи демократӣ мансуб меёбанд. Ҳамаи шаҳрвандон навобаста аз мансубияти сиёсӣ (ақидаҳои сиёсӣ, аъзои кадом ташкилоти сиёсӣ будан) синфӣ, миллию этникӣ, касбӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, динию мазҳабӣ, забонӣ навобаста аз сатҳи даромад, бойгарӣ, маълумотнокӣ ва ғайра ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд.
Принсипҳои мазкур фақат дар ҳолатҳои мушаххас маҳдуд мегардад:
- одамоне ҳуқуқи интихоботиро соҳиб нестанд, ки сину солашон ба меъёр мувофиқ нест ё ин ки онҳо бо қарори суд аз озодӣ маҳрум шудаанд;
- шахсони гирифтори касалии руҳӣ ва шахсоне, ки дар макони истиқомат ба муддати зарурӣ муқими набуданд;
- шахсоне, ки шаҳрванди давлати мазкур нестанд, дар интихобот иштирок карда наметавонанд.
Ҳар як интихобкунанда навобаста аз мақоми ҷамъиятӣ ва мансубияти иҷтимоиаш фақат як овоз дорад. Принсипи баробарӣ натанҳо ҳангоми овоздиҳӣ, балки дар вақти муайян намудани ҳавзаҳои интихоботӣ низ риоя мегардад. Шумораи интихобкунандагон дар ҳавзаҳо бояд баробар бошанд.
Моҳияти принсипи мазкур низ дар ҳамин зоҳир мегардад. Яъне ҳар як вакилро шумораи муайяни интихобкунандагон интихоб намоянд. Аммо таҷрибаи мамлакатҳои гуногун нишон медиҳад, ки риояи қатъии принсипи мазкур на ҳамавақт муясар мешавад. Бинобарин тафовути шумораи интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихоботӣ бояд қонуни интихобот муқаррар намояд. Яке аз принсипҳои ҳуқуқи интихоботиро махфи будани интихобот ташкил медиҳад. Принсипи мазкур ҳангоми овоздиҳӣ истифода мегардад. Набояд қарори интихобкунанда ба касе маълум бошад. Риояи принсипи мазкур озодии интихоботро таъмин менамояд. Он воситаи аз таъқиб эмин доштани интихобкунанда мегардад. Махфияти интихобро овоздиҳии пушида, мавҷудияти ҷойҳои махсуси овоздиҳӣ, блютенҳои махсус, тарзи муаяни ҳисоби овозҳо, кушодани қутиҳои интихоботӣ, муқаррар намудани ҷазои қатъӣ барои риоя накардани принсипи махфияти интихобот ва баъзе омилҳои дигар таъмин менамояд. Ҳар як интихобкунанда дар бораи ҳар як номзад маҳз худаш, бе иштироки миёнарав ё намояндае қарор қабул менамояд. Шаҳрванд дар ҳолатҳои гуногун мушахасан оид ба номзадҳо қарор қабул менамояд. Дар саромади қарори ӯ манфиатҳо меистанд. Шахс фақат ба ҷонибдории номзаде овоз медиҳад, ки агар талаботу манфиатҳои ӯро ба инобат гирад ва ҳимоя карда тавонад.
Принсипи дигари ҳуқуқи интихоботиро интихоботӣ бевосита ташкил менамояд. Ҳар як нафар шахсан да овоздиҳӣ иштирок намуда, аз номи худ райъ медиҳад. Ҳеҷ касе уро иваз карда наметавонад. Гурӯҳи дуюми принсипҳои асосии интихоботро принсипҳои умумии ташкили интихобот созмон медиҳад,ки дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд ва як навъ тавсифи ташкили интихобот мебошанд. Яке аз принсипҳои умумии ташкили интихобот озодии интихобот аст. Ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ё ғайри ҳукуматӣ ҳуқуқ надорад, ки аз ҷиҳате ё тавассути чизе ба интихоби шаҳрванд фишор оварад. Ҳаргуна фишороварӣ ё маҷбурнамоӣ ба фаолон, номзадҳо ва мутасадиёни интихобот номумкин аст. Неруҳои сиёсӣ дар раванди интихобот ба интихобкунандагон фақат ба воситаи тарғибу ташвиқи ғояҳо ва барномаи сиёсии хеш таъсир мерасонанд. Ин воситаи ягонаи таъсиррасонӣ ба интихобкунандагон аст. Дар ҳолате интихобот воқеӣ аст, ки ду ва ё зиёда номзадҳо барои овози интихобкунандагон мубориза мебаранд. Яъне принсипи ташкили интихобот интихоботи алтернативӣ мебошад. Пиюрализми сиёсӣ ва демократияи воқеӣ мавҷудияти номзадҳои алтернативиро шарти зарурии интихобот меҳисобанд.
Иброҳимзода Диловари Қурбонбек
муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...