Саҳми арзандаи халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.
Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 80-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон сокинони ин кишвар ихтиёран ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизм ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст додаанд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, мақсаду мароми онҳо ин барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдан ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштан буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳазор ҳалок шуда, боқимонда 204 ҳазор нафар зинда монда аз байни онҳо ба 58 ҳазор нафарашон барои дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон доданашон, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 уми май ҳамчун рӯзи Ғалаба –иди расмии ИҶШС эълон гардид ва то ҳол ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг ба шумор меравад, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардиданд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурдаанд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад.
Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил дода, бештар аз 55 миллион одамон қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба азоб гирифтор гардиданд.
Ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон километрҳо дур буд, вале дар дили ҳар як шахси ватандӯст нисбати душман нафрат пайдо гардида, онҳоро барои ихтиёран ба ҷабҳаҳои набард сафарбар гардидан водор мекарданд.
Рӯзи Ғалаба ҳамчун - иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС аз болои миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст.
Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи Ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.
Чи гунае, ки дар боло дарҷ намудем, боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои ин давр ба монанди Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳар се дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советист. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Литваю Эстония, Укараинаву Молдова, Латвия, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва ҷойи пинҳоншудаи фашистони Германияро–пайдо намуданд.
Албатта, хотираи наслҳоро пос доштан муҳим аст, зеро бидуни гузашта оянда вуҷуд дошта наметавонад. Гузашта аз ин, мутаассифона, ҳар сол бо дард мушоҳида мекунем, ки сафи ветеранҳо чӣ тавр кам мешавад. Вале бояд дар хотир дошт, ки корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ҷавонон на танҳо дар арафаи 9 май ё 22 июн, балки дар тамоми даврае, ки раванди таълиму тарбия давом дорад, муҳокима намоем.
Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, дар борабари адабиёте, ки аз таърихи гузаштаҳо ба ҷавонон дарс шудааст, ба ин васила дар шаҳру вилояту ноҳияҳои кишварамон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст.
Имрӯз ҳама якдилона дар паҳлуи Ветеранҳои ҷанг истода ба онҳо саломатӣ, рузгори обод таманно менамоем. Ба онҳо миннатдорӣ ва арзи сипос намуда, ва он суханоне, ки доим дар гушаи хаёли инсоният садо медиҳанд: Гуфтанием «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд»
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоати Шумо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор аст. Мо ҳадафи асосии худро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш менамоем, ки сазовори фарзандии ин диёру халқ бошем. Бигузор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Сулаймонзода Рустами Неъматуло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия