Таҳкими иқтидори мудофиавии давлат дар партави Паёми Пешвои миллат
«Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – Истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бақои давлату давлатдории тоҷикон таҳким ёфта, асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян карда шуд ва муносибатҳои ҷамъиятии ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи мудофиа, ки ячейкаи муҳим дар ҳифзи давлату миллат ба ҳисоб меравад, бо эҷоду амалигардонии заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ танзим гардид.
Дар таърихи навин волотарин дастовард дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлоли давлативу миллӣ рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, пурзӯр гардидани иқтидори мудофиавӣ мебошад. Ҷавонони далеру сарбаланди тоҷик, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат ба Ватан доранд, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳои зиёдро касб намудаанд.
Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин неъмат ва дастоварди арзишманди миллати тоҷик мебошад. Самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буд, ки бақои давлату давлатдории тоҷикон таҳким ёфта, асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян карда шуда, муносибатҳои ҷамъиятии ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи мудофиа, ки ячейкаи муҳим дар ҳифзи давлату миллат ба ҳисоб меравад, бо эҷоду амалигардонии заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ танзим гардида, имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи тоҷикро бо асолати таърихию корномаҳои гаронарзиши даврони соҳибистиқлолӣ мешиносанду эътироф менамоянд.Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон як қатор падидаҳое рӯи кор омаданд, ки заминаи ҳуқуқии онҳо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки ин ислоҳот дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷамъият, бахусус, дар соҳаи мудофиа нақши муҳимро иҷро намуд. Таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ эҷоду қабул ва татбиқ мегарданд. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», ки асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаву ташкилот ва муассиса, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад, мавриди амал қарор дорад. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст.Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб рафта, бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳурӣ барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин, бартараф гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.Мудофиа тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад. Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона сохторҳои қудратӣ, низомӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд.Истиқлоли комил ва рушди ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи орому муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр Истиқлолу Ваҳдати ҷомеаи мо поянда хоҳад буд, зеро ки Артиш ва ҳамаи сохторҳои қудратии мо вазифаи муқаддаси худро, ки ҳифзи шарафу номуси ҳар фард ва дар маҷмуъ суботи ҷомеа аст, бо ифтихор анҷом дода истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаро бо давлатҳои хориҷӣ амалӣ менамояд. Тоҷикистон аъзои фаъоли як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баландпояи умумиҷаҳонӣ эълон доштаю собит кардааст, ки мамлакати сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале таҳаввулоти ҳарбию сиёсии ҷаҳони имрӯз моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи соҳибистиқлолӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат доимо омода бошем. Тибқи қонунгузорӣ сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи сиёсати дохилӣ ва берунаи давлат буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба ҳисоб гирифтани таълимоти ҳарбӣ ва асосҳои мудофиа ташкил карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мудофиа бо назардошти танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиа, таҳия кардани сиёсати ҳарбӣ ва Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгӯӣ ва баҳодиҳӣ ба таҳдиди ҳарбӣ, сохтмон, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба нақша гирифтани истифодаи онҳо, таъмини ҳамкории ҳарбию сиёсӣ бо дигар давлатҳо ва мутобиқ намудани қувваҳо барои пешгирии таҷовуз, ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳия, истеҳсол ва такмили силоҳу техникаи ҳарбӣ, ба вуҷуд овардани захираи онҳо, омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, тараққиёти илмӣ, ҳарбӣ, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиавӣ, ба вуҷуд овардани захираи сарватҳои моддӣ дар манбаъҳои давлатӣ ва сафарбарӣ, ба нақша гирифтан ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ, таъмини махфӣ доштани сирри давлатӣ, мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа, назорати иҷрои қонунҳо дар соҳаи мудофиа ва сарфи воситаҳои буҷет барои мудофиа, инчунин, чорабиниҳои дигар дар соҳаи мудофиа ташкил карда шудааст ва бо асосҳои қонунгузорӣ мустаҳкам гардидааст
Шароити имрӯзи ҷаҳон, ки пур аз олоишу таҳаввулоти ҳарбию сиёсӣ мебошад, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб дорад ва ин таҳаввуллотро имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло эҳсос намуда, зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанд. Тибқи таҳлилҳои коршиносон раванду тамоюлҳои дар ҷаҳон идомадошта метавонад таҳдиду хатарҳои пешгӯйинашавандаро ба амнияти ҷаҳону минтақа дар пай дошта бошад. Тавре ки аз фазои расонаҳои ҷаҳон ва равандҳои пурҳассоси сиёсӣ ва геополитикии минтақа бармеояд, имрӯз аз ҷониби нерӯҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои харобиовар, аз ҷумла, тавассути анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин, бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо карда, ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.Халқи тоҷик ҳамчун муассиси давлати мустақилу миллии худ озодӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намуда, ба ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон арҷ мегузорад. Мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд дар он ифода меёбад, ки мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон ба ҳуқуқ, пеш аз ҳама ба Конститутсия тобеъ буда, дар баробари истифода аз ҳуқуқу озодиҳо, инчунин, дар таъмини волоияти қонун ва масъулияти байниҳамдигарии давлату шаҳрвандон уҳдадор мебошанд.Дар таърихи навин волотарин дастовард дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлоли давлативу миллӣ рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зиёд гардидани иқтидори мудофиавӣ мебошад. Ҷавонони далеру сарбаланди тоҷик, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат ба Ватан доранд, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳои зиёдро касб намудаанд. «Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад»,-иброз доштанд,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Халқи тоҷик дар таъмини иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ба ҷавонон эътимод дорад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбии давлатӣ мебошад, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи Истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ аз таҷовуз таъин гаштааст.
Вазифа, тартиби пуррасозӣ ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ муайян мегардад. Муҳофизати сохтори конститутсионии давлат, муқовимат ба қувваҳои зиддидавлатӣ ва хатарҳои нави ҷаҳони муосир рисолати асосии хизматчиёни соҳаи мудофиа ва дигар ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ мебошад. Халқи сарбаланди тоҷик борҳо шоҳиди корнамоиҳои ҳомиёни Ватан гардида, ба азму ирода, садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбию низомӣ арҷ мегузоранд. Таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат кафолати пойдории сулҳу субот, мустаҳкамии аркони давлатдорӣ, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва рисолату вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Дар ҷомеаи имрӯзаи давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро омӯзанду донанд. Агар қабули қонунҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи мудофиа тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро дар пай дорад. Эҷоду таҳия, қабулу дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ дар бораи мудофиа барои таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, фаъолияти садоқатмандонаву самараноки хизматчиёни ҳарбию низомӣ, таҳкими фазои осоишта, рушди ҳамаҷониба ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконияту шароити муосирро фароҳам меорад.
Татбиқи воқеӣ ва самараноки қонунгузорӣ дар бораи мудофиа барои амалӣ намудани таъмини волоияти қонуният, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд мусоидат менамоянд.Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбанда асту ҳамарӯза амалҳои ғайриинсонию даҳшатборе дар гушае аз он анҷом дода мешавад, амнияту субот доштан, соҳиби давлат будан ифтихору масъулияти бузург ва мояи сарфарозист. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ аз ҳар як шаҳрванд муносибати ҷиддӣ ва иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ тақозо мегардад.
Ба масоили таҳкими иқтидори мудофиавии давлат бори дигар дахл намуда, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд. Аз ҷумла ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд.Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд».
Амрудинзода М.А.- сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия