Нашри дастур дар мавзуи «Ҳикмати модар»
Аз ҷониби ҳамкори кафедраи ҷамъятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилов Далер Рустамович бо ҳамкории дотсенти ҳамин кафедра полковники милитсия Бойзода Ҷамшед Ҷумабой дастур дар мавзуи «Ҳикмати модар» дар нашрияи «Хирадмандон» дар ҳачми 88-саҳифа, бо теъдоди 100 саҳифа ба нашр расид.
Дастур мавзуъҳои муҳими фалсафии муҳаббат ва эҳтиромро ба Модар дар бар гирифта, ба он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Содиқӣ Насиба Нуруллозода, номзади илмҳои филологӣ Ҷавҳарбӣ Муҷибахон Одил, номзади илмҳои филологӣ Юсупова Бибиҷон Ғаниҷоновна, дотсент Бойзода Ҷамшед Ҷумабой тақриз навистаанд.
Дастур аз ҳикмати Модар дар Паёмҳои Пешвои миллат оғоз гардида, ҳикмати мутафаккирони Шарқу Ғарбро дар бораи Модар дар бар гирифтааст.
Дастур ба доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.