Инъикоси нақши занон дар рушди Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
Вақте сухан дар бораи истиқлолият меравад, пеши рӯ эҳсоси баланди худшиносӣ, соҳибватанӣ меояд. Истиқлолият беҳтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш имконият пайдо намуд бисёр корҳои барои ояндаи миллат фоидаоварро роҳандозӣ намояд. Истиқлолияти давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони истиқлолият занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қӯшунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватану осудагии миллат расонида истодааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амали мегардонад.
Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарури қабул гардида, амалӣ гардида истодаанд.
Мақсад аз кабули ин санадхо, пеш аз хама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад. Масалан дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Имрӯзҳо дар ҷомеа соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он зан-модари точик кору фаъолият накунад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
–Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.
Лозим ба зикр аст, ки қонунгузорӣ дар бораи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло ишорагардида маҳдуд намегардад. Дар баробари ин ва дар асоси қонунҳои дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон санадҳои сершумори зерқонунӣ ва барномаҳову нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул гардиданд, ки барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон, ки дар Конститутсия, дигар қонунҳои мамлакат, инчунин аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, нигаронида шудаанд.
Дар ҳошияи гуфтаҳои боло ҳамин нуқтаро қайд карданиям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа гуфта мегузаранд. Соли ҷорӣ низ истисно нест ва сарвари давлат чунин қайд карданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.Дар таи соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.
Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Ҷомеаи, ки дар он зани донишманду бомаърифат зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад аз он ҷо ҳатман ҷавонону наврасони соҳибмаърифат ба камол мерасанд, чунки маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.
Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.
Баланд гардидани мақоми зан дар чомеа барои пешрафти сиёсат нақши муҳим гузошт. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманду кордон тасвир ёфтааст. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик буд, ки имрӯз зан-модари тоҷик олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон дида мешавад.Иқдоми дигар дар ҷодаи арҷгузори ба мақому манзалати Зан-Модар таҷлили Рӯзи модар аст, ки ҳамасола рузи 8-уми март ҳамчун ҷашни умумимилли ва идомаи анъанаҳои ниёгон бо асолат ва муҳтавои азалиаш чашн гирифта мешавад.Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Хулас ин, ки барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр зани тоҷик ҳамеша омодааст саҳми худро гузорад.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024 нисбати нақши занону бонувон чунин иброз намуданд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам.Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам.Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Каримзода Х., Ибрагимова А., Зоирзода А., кормандони шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон