КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК
Санаи 18 апрели соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон IV-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ташкил ва баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин, намояндагони давлатҳои хориҷӣ бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал кори конференсияро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадуллоҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳии худро ироа намуда, иштирокчиёнробахшида ба Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният карда қайд намуданд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Сипас бо сухани ифтитоҳӣ меҳмони кори конференсия муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Федартсияи Россия дар Урал (ш. Екатеринбург), н.и.ҳ., дотсент, полковники политсия Гусев Андрей Владимирович баромад намуда, ба ташкилкунандагони ин чорабинии илмӣ барои даъват ва иштирок миннатдорӣ намуд. Ӯ иброз кард, ки аз дараҷаи инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ сатҳу сифати қонунгузорӣ, такмилёбии минбаъдаи он, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми зиндагӣ, самаранокии амалияи ҳуқуқшиносӣ, шуурнокӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ вазъи қонуният дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Инчунин, бо сухани ифтитоҳӣ сардори сикли технологияҳои информатсионии Донишкадаи такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник Марупов Эркинжон Элмирович баромад намуда қайд кард, ки чунин ҳамоишҳо барои рушди муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо нақши муҳим мебозанд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ пешбурди кори конференсия ба зиммаи муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон вогузор гардид. Мавсуф тибқи барномаи кории конференсия иштирокчиёни ҳамоиши илмиро муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки дар баробари иштироки бевосита ва маҷозӣ, инчунин, зиёда аз 100 мақола ва маърузаҳо дар кори конференсия пешниҳод гардидаанд, ки онҳо дар шакли маҷмуа нашр карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар кори конференсия шахсони зерин иштирок ва суханронӣ намуданд: Назарзода Носир Ҷобир – профессори факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, полковники милитсия дар мавзуи “Нақши Р.С. Мулукаев дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгории Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Зоир Ҷурахон Маҷидзода – мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, д.и.ҳ., профессор дар мавзуи “Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон даъвати якум асоси фаъолияти қонунэҷодкунии Тоҷикистони соҳибихтиёр”, Литвин Илья Ильич – сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Федератсияи Россия дар Урал (ш. Екатеринбург), н.и.ҳ., дотсент, майори политсия дар мавзуи “Ҷавобгарии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ” Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А. Баҳоваддинови АМИТ, д.и.ҳ., профессор дар мавзуи “Академик С.А. Раҷабов оид ба давлат, давлати миллӣ”, Борисов Александр Владимирович – дотсенти кафедраи фанҳо и давлатӣ-ҳуқуқии Академияи идаракунии ВКД Россия, н.и.ҳ., дотсент дар мавзуи “Ташаккулёбӣ ва инкишофи мактаби илмии профессор Р.С. Мулукаев” (ба таври маҷозӣ) ва дигарон.
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо иштироки ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он тавсияву пешниҳодҳои муфид вобаста ба нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа манзур гардиданд.
Дар интиҳо меҳмонону иштирокчиёни конференсияи мазкур аз баргузории чунин як конференсияи сатҳи байналмилалӣ таасуроти хотирмон бардоштанд.