Рушди соҳаи кишоварзӣ ва аҳаммияти он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат
Бояд қайд намоем, ки яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун унсури асосӣ ва муҳимми таъмини амнияти озуқаворӣ баромад менамояд. Рушди соҳаи кишоварзӣ ба рушд ва пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз қабили соҳаи саноат, ҳифз ва беҳдошти саломатии аҳолӣ, ҳавои атмосфера, инноватсия ва ғайра мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти муҳиммияти соҳаи мазкур, он ҳамасола дар қатори дигар масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 28-уми декабри соли 2024 доир гардид, иброз намуданд, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодааст.
Дар ҳақиқат дастрасии замин ба соҳиби аслии он (деҳқон, кишоварз), тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус вобаста ба омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, таъсис додан ва тақвият бахшидан ба фаъолияти институтҳои тадқиқотии соҳавӣ, зиёд намудани категория ва шумораи субъектони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва имтиёзмуқарраркунӣ нисбати онҳо, зиёд намудани шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсололи маҳсулоти озуқаворӣ бо истифода аз маҳсулоти кишоварзии худӣ, ба роҳ мондани усулҳои инноватсионии парвариши боғҳо ва ғайра аз камтарин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Сарвари хирадманди давлати мо мебошанд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намудаанд.
Таъмини ашёи хоми ватанӣ ба саноати хӯрокворӣ фаъолияти муътадили корхонаҳои истеҳсоли маводҳои озуқавориро таъмин намуда, мувозинати арзиши молу маҳсулоти хӯроквориро дар бозорҳои дохилӣ нигоҳ медорад. Дастрасии аҳолӣ бо арзиши мувофиқ ба чунин маводҳои озуқаворӣ сатҳи фурӯши онҳоро дучанд гардонида, эҳтиёҷ барои фаъолияти мунтазам ва доимии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ пайдо мешавад. Аз ин зиёда, молу маҳсулоти ватанӣ ба бозори берунӣ содирот карда мешавад. Яъне, дар иртибот ба ин суханҳо метавон гуфт, ки айни замон соҳаи кишоварзӣ ба пешрафти саноати миллии хуроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда истодааст. Инчунин, тақвияти фаъолияти субъектҳои (хоҷагиҳои) кишоварзӣ имконият медиҳад, ки бо зиёд намудани масоҳати хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳудуди бештари Тоҷикистон сабз гардонида шуда, ба ин восита қисмати аҳолӣ ба шуғл ҷалб ва солимии аҳолӣ ҳам аз ин ҳисоб (меҳнати ҷисмонӣ) ва ҳам аз ҳисоби таъмини тозагии ҳавои атмосфера нигоҳ дошта шавад.
Доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки бахши афзалиятноки ҳаёти иқтисодиро ташкил медиҳад дар Паём таъкид карда шуд, ки «Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст».
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи хушку холӣ ба даст наомадааст. Пешгирӣ кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо; зиёд кардани майдони кишти зироатҳо; ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза; рушди соҳаи тухмипарварӣ; аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил; истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта; бунёди ҳарчӣ зиёдтари токзорҳо, боғҳои интенсивӣ; назорат ва таъмини истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ; ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа; ташкили марказҳои логистикӣ, инкишоф ва фаъолгардонии бахши хусусии хоҷагидорӣ ва ғайра чораандешиҳое мебошанд, ки маҳз дар паёмҳои қаблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буданд.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашудаи соҳавӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои зарӯрӣ Сарвари давлати мо ҳоло ҳам аз тақвият ва пешрафти фаъолияти соҳаи кишофарзӣ қаноатманд нестанд. Чуноне, ки дар Паём қайд намуданд: «… моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем». Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи идоракунии соҳаи кишоварзии давлатро дар ду низоми давлатдорӣ соҳиб буда, дар муҳокима ва баррасии пешгирии пайомадҳои ногувори ҷомеаи инсонӣ дар сатҳи байналмилалӣ пай дар пай иштирок менамояд ва аз ин зиёда, ташаббусҳои байналмилалии ин шахси абармард аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд. Аз ин рӯ, бо истифода аз таҷрибаи зиёд ва ояндабинии дӯри зиндагонии шоистаи миллати тоҷик ҷилави тақвиятбахшии соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро ҳеҷ гоҳ озод наменамояд. Супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба қабул ва амалӣ намудани барномаи амнияти озуқавории кишвар барои панҷ соли оянда аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ амалӣ карда мешавад.
Дар ҳақиқат таҷриба нишон медиҳад, ки бо қабули барнома ва стратегияҳои миллии миёнамуҳлату дарозмуддат самаранокии иҷрои кор дар бахши тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ зиёд гардида, ҳадафҳои пешбинишуда ба мақсад мерасанд. Ҳамчунин, вазифагузорӣ ва чораҳои андешидаи Сарвари давлат, ки таги солҳои охир дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд, дар умум барои омода намудани барномаи амнияти озуқавории кишвар барои панҷ соли оянда мусоидат менамоянд.
Дар Паём таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаи азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ дар мамлакат таҳия ва татбиқ карда шуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.
Набояд фаромӯш намуд, ки афзоиши аҳолии мамлакат эҳтиёҷотро ба озуқаворӣ ва дигар молу маҳсулоти истеъмолӣ ҳарчи зиёдтар тақозо дорад. Ҳоло онки талаботи аҳолӣ ба гирифтани қитъаи замин барои хуб кардани шароити манзили истиқоматӣ дар ин ҳол меафзояд. Аз ин рӯ, зарурият ба вуҷуд меояд, ки масоҳати муайяни заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба заминҳои таъйиноти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ иваз карда шаванд. Дар ин сурат зарурияти азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ беш аз пеш меафзояд, ки манзури Сарвари дӯрандеши кишвари азизи мо маҳз аз ҳамин иборат аст. Ҳамчунин, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзии вуҷуддошта, яъне аз онҳо гирифтани ду-се ҳосил дар як мавсим, беҳтар намудани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа ба рушди соҳаи кишоварзӣ, саноати хурокворӣ ва дигар соҳаҳои калидии давлат мусоидат менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муҳокима ва баррасии ҳар як соҳа алоқамандии онро ба ташкили ҷойҳои нави корӣ вобаста менамояд. Чунончӣ дар Паём ироа гардид, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хурокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигоҳдорию афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар ҳаллу фасл карда шаванд. Ҷавҳари марказии чунин таъкидҳо ва тавсияҳои Пешвои муаззами миллатро ин бо истифода аз маҳсулоти кишоварзии ватанӣ тақвият бахшидан ба фаъолияти корҳонаҳои истеҳсолии саноати сабук ва хурокворӣ ташкил менамояд. Албатта, он ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ин муаррификунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва сатҳи саноати сабуку хуроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба ин васила фоидаи бештар ба даст оварда мешавад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар роҳ кӯшиш ва ҷаҳду талош менамоянд, ки мавқеи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ ҳарчӣ бештар мустаҳкам ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ ҳарчӣ бештар хуб ва арзанда гардонида шавад.
Ҳамин тавр, рушди соҳаи кишоварзӣ ба таври амиқ ба таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, бо сарварӣ ва ҳидоятҳои хирадмандона ва таҷрибакоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи усулҳои муосири амалигардонии илму инноватсия дар ҳоли пешрафт қарор дорад.
Акрамзода Шукрона Муҳаммадӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия